Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ўлмасова Замирахон

Вижагиҳои поэтикаи романи таърихии «Девори Хуросон»-и М.Солеҳ

Таърихи адабиёти муосири тоҷик на танҳо аз анвои адабӣ, балки аз услубҳо ва равияву ҷараёнҳои рангоранг низ ғанӣ гардидааст. Муносибати нависандагон ба воқеияти реалӣ, диди эстетикии ҳар як санъаткори сухан боиси ташаккули сабки эҷодии ў мешавад. Нависандаи ҳақиқӣ ба ҳаёти халқ назари ба худ махсус дорад ва ў кўшиш ба харҷ медиҳад, ки манзараҳои зиндагӣ ва образҳои инсонро бо шаклҳои тоза ва забони ҷаззоби бадеӣ ба тасвир орад.
Услубҳо ҷиҳатҳои умумӣ ва хусусӣ доранд. Реализм, яъне тасвири холисона ва ҳаққонии ҳаёт ва хислату характери қаҳрамон, умумияти услубии насри муосири тоҷик ба шумор ояд, аммо тарзи тасвиру тадқиқи бадеии воқеият ва усулҳои офариниши образҳои инсонӣ гуногун аст. Маъмулан мегўянд, ки услуб инсон аст, ба ибораи дигар, дар услуб фардияти нависанда, ҷаҳонбинӣ ва таъбу завқ, қалами ба худ хоси эҷодкор ифода меёбад. Аз ёддоштҳои Раҳим Ҳошим бармеояд, ки устод Айнӣ бо ҳиссиёту ҳаяҷони баланди эмотсионалӣ, бо такрору таъкид ва саволу хитобҳо изҳори андеша мекард. Лекин ҳар суханро дар мавқеу мақоми худ, ҷило ва ҷилваҳояшро ба эътибор гирифта, бо мақсади фаҳмо ва рўшану возеҳ баён кардани фикр истифода мекард. Бо ҷўшу хурўш, бо шодию хурсандии зиёд ё бо қаҳру ғазаби бепоён ҳарф занад ҳам, калима ибора, таърифу тавсиф ва амсоли инҳоро беҷо ва ғалат истифода намекард.

пешина
аз 341
навбатӣ