Сояҳои шикаста

Масъалаи муҳиме, ки дар роман ҳаллу фасли худро ёфтааст, ба асли хеш баргаштан аст ва он дар замони истиқлол низ аҳмияти беандоза дорад. Исмоили Сомонӣ бо ҷасорати фавқулодда, ақлу хирад, кордонӣ ва заковати азалии худ давлати абарқудрати тоҷиконро ташкил дод.
Исмоили Сомонӣ аз муташаббеҳ шудани халқ метарсид, ба ваҳшат меомад, ки тоҷикон ба бегонагон монанд шуда, симои миллии худро аз даст надиҳанд.
Ў ба аъроб шабеҳ афтодан намехост.
Дар романҳои таърихӣ ин масъала дар мисоли тоҷикони давраи Сомониён дуруст мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҳамин ҷост, ки саҳафоти таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар осори бадеӣ, чӣ қадаре ки реалистона ба тасвир бирасанд, онҳо барои имрўз ва ояндаи Тоҷикистон аҳамияти зиёд доранд.
Адабиёт:
Аҳмадзода Ю. Ҳафт рўъё. – Душанбе: Адиб, 2001.
– 231 с.
Ғафуров Б. Тоҷикон: Иборат аз 2 кит. – Душанбе:
Ирфон, 1998. – Кит.1. – 704 с; кит.2. – 416 с.
Наршахӣ Абўбакр Муҳаммад Ибни Ҷаъфари.
Таърихи Бухоро. – Душанбе: Пайванд, 2012. – 736 с.
Солеҳ М. Девори Хуросон. – Душанбе: Ирфон,
1999. – 339 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё