Сояҳои шикаста

Дар дарбор низ аҳли илму маърифат, донишмандонро ҷамъ оварда, девони вазирон ташкил медиҳад. Огоҳии шоҳ аз таърихи илму фарҳанг аз суханронӣ ва баҳсу мунозираҳояш пайдост. Дар бораи дину мазҳабҳои мухталиф – зардуштӣ, ислом, насоро ҳамчун марди донишманд изҳори назар мекунад ва озодии онҳоро ҷонибдорӣ менамояд.
Исмоили Сомонӣ худро таҷассуми ҳомиёни халқ тасаввур мекунад, ки дар таърих гузаштаанд. «Ман омадам, ки шуморо наҷот диҳам! Ман омадам, ки дардҳои шуморо таскин диҳам. Ман омадам, ки ниёзҳои шуморо бароварда созам. Он Баҳроми Варҷованд манам!...» (4, 20).
Дар тасвири нависанда низ Рустаму Куруши Кабир худи Исмоил аст, ки ба ҳифзи халқу Ватан, ободӣ ва озодии он муқаддасот, бархостааст. Талошу муборизаи ў дар ҷодаи эҳёи миллат ва баргардонидани ў ба асли худ давом дорад. Бесабаб нест, ки романи «Девори Хуросон» бо васфи Исмоил – Баҳроми замон ва фаъолияти озодихоҳию ҷаҳонсозии ў анҷом мепазирад:
«Ҳанўз ин роҳ ба поёни талошу ҷиҳод нарасидааст!...
Ҳанўз Баҳром дар роҳ аст…
Ҳанўз Сарв дар ҷавона аст…
Ҳанўз Шери шукўҳ дар ғурриш аст…
Ҳанўз Симурғи орзу дар гардиш аст…
Ҳанўз Аспи Сафеди қудрат дар давидан аст…»
(4, 339) «Девори Хуросон»-и М.Солеҳ асари таърихӣ бошад ҳам, аҳамияти замонавӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё