Сояҳои шикаста

Исмоили Сомонӣ ба сарбозони худ пайваста дастур медиҳад, ки моли халқро ғорат накунанд, ба ҳар шаҳру вилоят, ба ҳар кишваре, ки дароянд, дасти худро аз моли мардум нигоҳ доранд.
Ҳар касе, ки мухолифи ин дастур амал кард, ҷазо мебинад, ки ин адл ба шумор меояд.
Боз як масъалаи консептуалие, ки дар робита бо образи Исмоили Сомонӣ ба таври бадеӣ тасвиру таҳлил шудааст, масъалаи шоҳ ва раият мебошад.
Ҳамбастагӣ бо мардум яке аз шартҳои давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Ў тамоми ҳаёти худро ба озодию истиқлол, амнияту осоиш, беҳбудию рушд, сатҳи баланди ҳаёти моддию маънавии халқ мебахшад.
Шоҳ Исмоил бо мардуми шаҳру деҳот, бо табақоти гуногуни он сўҳбатҳо мекунад, ки манзураш тарбияти онҳост. «Офтоб дар паси қасру кўшкҳои шаҳр ғуруб мекунад. Ва боз чанд тулўъу ғуруби дигар, - навиштааст М.Солеҳ. - Амир Исмоил бо аҳли рикобаш дар байни мардум деҳ ба деҳ мегардад. Бо мардум мунозира мекунад, чизеро исбот карданӣ мешавад ва боз бо ғуруб рафтани хуршед ба Арк бармегардад. Шабҳо дар масҷидҳои кандакории шаҳр бо мардум баҳсу мунозира мекунад» (4, 39). Шоҳ дар байни лашкар низ дар боби ватанхоҳӣ, аҳду вафо ва одамият, хиёнат накардан ба халқ ва амволи он сўҳбатҳо мегузаронад, то ки дунёи маънавии сарбозон, афсарон ва сарҳангон ғанӣ гардад.
Аз рўи тасвири М.Солеҳ худи Исмоил ҷавонмарди фарҳангист. Аз таърих, илму фарҳанг, фалсафа ва дигар донишҳои замони худ огоҳ аст, забони модариаш дарӣ ва забони арабиро нағз медонад, дар сўҳбатҳои худ бо аъёну ашроф ва аҳли дарбор оятҳои Қуръонро ба забони арабӣ иқтибос оварда, ба забони модариаш шарҳу эзоҳ медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё