Сояҳои шикаста

М.Солеҳ нишон медиҳад, ки Исмоил дар ҷавонии худ дар ҳифзи Самар қанд лашкаркашӣ карда, таҷрибаи фаровон андўхта буд.
Фазл мегўяд: «Ҳама дар Бухоро аз маҳорати лашкаркашии шумо ва тадбири саҳана созӣ ва ғалабаҳои шумо сухан мегўянд. Аллакай ин авсоф онҳоро дар саҳнасозӣ дар баробари шумо дилсарду ноумед гардонидааст» (4, 17-18).
Минбаъд ин гуна маҳорати ҷангӣ ва саҳнасозиҳои ў дар мубориза ба муқобили лашкари бародараш Наср, Ҳусайни Тоҳир, Амри Лайси Саффорӣ ва туркҳои бодиянишин ба исбот мерасанд.
Исмоил дар сўҳбат бо китобдори дарбори Наср худ иқрор мекунад: «Хушбахтона, дар хонадони мо шахсиятҳои лоиқ хеле зиёданд. Ман фақат аз ишон бо як афзалиятам фарқ мекунам: силаҳшўрӣ. Ин ҳам аз он ҳис аст, ки ба гузаштаҳои пурифтихори қавму меҳанам ишқ меварзам ва фахр мекунам. Маҳз ҳамин эҳсоси ифтихор маро силаҳшўр кардааст. Дар вазъе, ки кишвари мо қарор дорад, эҳсоси ватандўстӣ дигар хел зуҳур карда наметавонад. Бо ин эҳсос бояд фақат силаҳшўр шуд!» (4, 57) Нависанда батафсил тасвир менамояд, ки сабабҳои асосии пирўзии Исмоил ҳатто дар набардҳои нобаробар на танҳо ба ватанхоҳӣ ва истеъдоди лашкаркашии ў вобастаанд, балки қабл аз ҳама дар адлу дод ва башардўстии ўст. Исмоили Сомонӣ на бародараш Наср, на Амри Лайси Саффориро, ки омода буданд ўро ба адам расонанд, ба марг маҳкум намесозад, балки эҳтиромашон мекунад, ҷонашонро мебахшад, зиёда аз ин, ба сарбозони эшон низ некиро раво мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё