Сояҳои шикаста

Дар роман эҳсосоти ватанхоҳӣ ва худогоҳии миллии Исмоили Сомонӣ чӣ қадаре ки баланд тасвир ёфта бошад, андешаҳои арабно пазирӣ ва бегонанописандии ў ҳамон андоза рўшан ифода ёфтааст.
Шоҳи Бухоро озодихоҳ аст, дар роҳи истиқлолияти миллӣ саъю ҳарака ти зиёд ба харҷ медиҳад. Вай ҳушёру зирак аст, чӣ қадаре ки ҳилаю найранги амирул-мўъминини арабро барои сусту заиф гардонидани амирони Хуросон ва Фароруд амиқ эҳсос намояд, ў ба ҳамон андоза барои иттиҳод ва истеҳкоми кишварҳои форсизабон мубориза мебарад, намегузорад, ки ин қаламрав тобеи доимӣ ва ғуломи ў гардад.
Дар роман бо манзараҳои эътимодбахш ба тасвир омадааст, ки Исмоили Сомонӣ дар сухан не, балки дар амал ватанхоҳи кабир аст. Ў ин суннати наҷиби миллиро аз аҷдоди худ Куруши Кабир, Сиёвуш, Рустами дастон, Абўмуслим ва дигар шуҷоатмандон ба мерос мегирад. Ҳар замон аз Рустам ва Баҳроми Варҷованд ёд мекунад, халқро даъват менамояд, ки мисли он бузургон ба камолот бирасад ва тамоми нерўи ҷисмонӣ ва зеҳнии худро ба ҳифзи Ватан истифода барад. Дар вазъиятҳои мураккаб, вазнин ва тақдирсоз онҳо хаёлан ба имдоди Исмоили Сомонӣ мерасанд.
Нависанда ба риштаи тасвир мекашад, ки шоҳи нави Бухоро аввал аз ҳама душманони дохилӣ – аъёну ашрофи бадхоҳро аз байн мебарад, дуздон ғоратгарон, роҳзанони бодиянишинро, ки пайдарҳам шабохун зада сарвати мардумро ба тороҷ мебурданд, несту нобуд мекунад. Аз даруни мамлакат хотирҷамъ гардида, алайҳи душманони кишвар, зидди толибони тахту тоҷи Бухоро ва соири қаламрави худ мубориза мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё