Сояҳои шикаста

Исмоил, ки аз айёми наврасию ҷавониаш бо китоб алоқаманд буд ва доираи васеи мутолиа дошт, назар ба дигар бародаронаш огоҳтару худшиностар ба воя мерасид. Нависанда тасвир менамояд, ки тафаккури таърихии Исмоили Сомонӣ ва ҳиссиёти миллии ў барвақт ташаккул ёфта буданд, худшиносии миллии ў беҳтарин сифати ў маҳсуб мешуд. Ин аст, ки ў баробари амири Бухоро таъин шуданаш аввалин коре, ки кард, моҳияти инсонпарварӣ дошт ва халқи худро аз як бори сангин наҷот дод: андози ҳарсоларо барои таъмири девори Бухоро барҳам дод ва худи онро аз миён бардошт. Нависанда дар тасвири ин ҷиҳати фаъолияти амир Исмоил ба асари Абўбакри Наршахӣ «Таърихи Бухоро» такя кардааст.
Наршахӣ менависад: «Ҳар соле моли азим бибоистӣ ва ҳашарҳои бисёр то ба рўзгори Исмоили Сомонӣ раҳимаҳуллоҳ, ки ў халқро раҳо кард то он девор хароб шуд ва гуфт:
- То ман зинда бошам, борайи вилояти Бухоро ман бошам» (3, 25).
Нависанда нерўҳои ҷисмонию маънавӣ, рўҳи матин ва боварии комили Исмоили Сомониро ба худ тасвир мекунад. Оре, ў метавонист ва тавонист, ки халқро аз ранҷҳои пайвастаи ҳарсола озод намояд ва Бухороро чунон мустаҳкам кунад, ки дигар бо девор ҳифз кардани он ҳоҷат набуд. Иқтидори Исмоили Сомонӣ то ҷое афзуд, ки ў амири тамоми Мовароуннаҳру Хуросон гардид. Ин аст, ки М.Солеҳ ўро маҷозан «Девори Хуросон» меномад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё