Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ҳамин ҷост, ки ў Ҳусайн ибни Муҳаммади Хориҷӣ, шоҳи Бухороро, ки зулмпеша буд, худ сабукдўш карда наметавонад ва дар аввал Исмоилро дар ин шаҳр омили хироҷ таъин мекунад. Наср хеле худхоҳ тасвир ёфтааст. Вай умед дошт, ки Исмоил хироҷи Бухороро мунтазам ба Наср фиристода меистад. Ғайричашмдошти ў Исмоил умедҳои Насрро барбод дод. Симои Наср дар лаҳзаҳое ба пуррагӣ намоён мегардад, ки муносибати бародарӣ ва андешамандиро бурида, ба хашму ғазаб омад ва ба хотири хироҷи Бухоро ба сари Исмоил лашкар кашид.
Нависанда тасвир менамояд, ки худи воқеият сабаби тағйироти фикру андеша ва муносибати Наср нисбат ба бародари худ гардид. Аввалан, ў дар ҷанг шикаст хўрд. Сониян, Исмоил ўро маҳкум накард, балки бо эҳтироми тамом Наср ва дигар ёрони ўро ба Самарқанд гусел кард. Наср амиқ дарк кард, ки Исмоил душман не, балки дўсти содиқ ва бародари ҷонии ўст. Аз ҳамин ҷост, ки дар хотимаи ҳаёт Исмоилро ба ҷои худ амири тамоми Фароруд таъин карда, чашм аз дунёи рўшан пўшид.
М.Солеҳ дар тасвири образи Наср рангҳои гуногунро корбаст намуда, ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам хислатҳои манфии ўро нишон дода тавонистааст.
Дар натиҷа ў ба назари кас ҳамчун шахсияти зинда падид омада, бо амалҳои хубу нохубаш ҳам муҳаббат, ҳам нафрати ўро бедор мекунад.
Дарвоқеъ, ҳаёти амир Исмоил ва шаҳру вилояти Бухоро, гузашта аз ин, тамоми Мовароуннаҳру Хуросонро дар давраи ҳукмронии Сомониён аз ҳамдигар ҷудо кардан душвор аст. Номи роман - «Девори Хуросон» маънии густурдаи таъбири Исмоили Сомонист, ки худро «борайи Бухоро», яъне «девори Бухоро» номида буд ва ин ҳикоят дар таърихномаҳои қуруни вусто тазаккур ёфтаанд.

пешина
аз 341
навбатӣ