Сояҳои шикаста

Ҷомеае, ки аз синфҳои дорою камбағал, аъёну ашроф, золиму мазлум, дузду ғоратгар, олиму ҷоҳил, сарҳангону сарбозон ва амсоли инҳо мебошад, пур аз муборизаю талош, барору нобарорӣ, ҷангу оштӣ, дасисаю иғво, некию бадӣ, ҳастию нестӣ ва амсоли инҳо иборат аст. Романи «Девори Хуросон» низ ҳаёти ҷомеаеро фаро гирифтааст, ки дар он на танҳо тақдири одамон, балки тақдири халқу мамлакат ва давлат ҳал мешуд. Дар маркази он тақдири сулолаи Сомониён гузошта шудааст. Ин сулола аз фарзандони Аҳмад
– Наср, Исмоил, Абўзакриё Яҳё, Абўяъқуб Исҳоқ, Абулашъас иборатанд. Онҳо низ фарзандони хурду бузург доранд, ки дар ҷомеа мавқеу мақоми худро хоҳанд ёфт. Ҳастии ин сулола дар паноҳи онҳост.
Муҳаммадзамони Солеҳ хонандаро асосан ба ҳаёту фаъолияти ду шахсияти таърихӣ – Наср ва Исмоил мутаваҷҷеҳ месозад, ки дар ташкилу таъсиси Давлати Сомониён ва таъмини иқтидори он, яке камтар ва дигаре бештар саҳм гирифтаанд.
Чунон ки аз роман бармеояд, Наср ибни Аҳмади Сомонӣ амири Самарқанд буд ва дар натиҷаи бе чуну чаро ба ҷо овардани тамоми супоришҳои халифаи Бағдод Мўътазид ва татбиқи сиёсати ў ба дарёфти маншури ҳукумати Фароруд мушарраф гардид. Нависанда чеҳраи сиёсии ўро ҳамчун як нафар сарвари мусолиҳакор нисбат ба хилофати аъроб тасвир менамояд. Ў тобеи ҳукумати Бағдод аст ва ягон масъалаи ҷиддиро мустақилона ҳаллу фасл карда наметавонад. Шуур ва худшиносии миллии Наср бояду шояд инкишоф наёфтааст. Вай дар бораи масъалаҳои миллӣ дар маҳдудаи муносибати худ ва Мўътазид изҳори андеша карда метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё