Сояҳои шикаста

Нависанда сол, моҳ ва рўзи содир шудани воқеаҳои таъриъхиро чун солноманавис таъкид мекунад, ки ин яке аз вижагиҳои романи таърихӣ мебошад.
Ҷуғрофияи асар низ воқеияти таърихиро пурра фаро мегирад ва таҳким менамояд. Агар романро саҳфагардонӣ кунем, номи шаҳрҳои таърихии Мовароуннаҳру Хуросон – Самарқанд, Кармина, Бухоро, Фороб, Байканд, Тавовис, Тироз, Нишопур, Гургон, Балх, Ҳирот, Варахша, Табаристон, Марв аз шаҳрҳои хориҷа асосан Бағдод ба чашм мерасанд, ки воқеаҳои асар дар ин ҷойҳо содир шудаанд. Онҳо аз вусъат ва густурдагии воқеаҳо дарак медиҳанд. Ҳаёти қаҳрамонон ва дигар иштирокдорони «Девори Хуросон» бо ин шаҳрҳо алоқаи мустаҳкам доранд. Роҳҳои Самарқанд – Бухоро – Бағдод ва ғ., рўдҳо (асосан Ҷайҳун), биёбонҳо ба тасвир омадаанд. Қасрҳо, кўшкҳо, боғу чорбоғи амирон, қароргоҳи онҳо ва дигар мавзеъҳо, ки қадамҷои бузургонанд, дар робита бо воқеаҳои таърихӣ (ҷангу сулҳ, кишваркушоӣ ва ғ.) ва тақдири қаҳрамонони асар зеби рақам гардидаанд. Нависанда ҳатто рўзона ё шабона рух додани воқеаҳоро таъкид менамояд.
Ин ҳама ба тасвири ҳолу ҳавои замон, ба инъикоси реалистии воқеаҳо ва чеҳраи қаҳрамонон мусоидат мекунанд.
Дар маркази роман қазияи инсон ва ҷомеа, инсон ва тақозои таърих баррасӣ шудааст. Ҷомеа дар тамоми давру замонҳо сохти мураккаб аст. Аз ин ҷост, ки дар он мавқеу мақом пайдо кардани инсон, ба хусус роҳбари давлат, кори осон нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё