Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

(4, 211) ва дар Балх ба дасти сарбозони диловари Исмоили Сомонӣ асир афтод. Амир Исмоил, чунон ки бародари худ Насрро хуш истиқбол карда буд, душмани худ Амри Лайсро ба оғўш кашид, бо ў сўҳбат орост, супориш дод, ки сарбозон озораш надиҳанд. Ҳатто вақте ки Амри Лайсро Мўътазид талаб кард, ўро ба Бағдод гусел карда, афсўс мехўрд, ки шояд сабаби шармандавор ба поён расидани сулолаи Саффориён бишавад.
Романи Муҳаммадзамони Солеҳ бо истеҳкоми давлати Сомониён, ваҳдати Мовароуннаҳру Хуросон, шўълаафшонии шамси Эрони ягона ва шукўҳманд, густариши адлу дод дар саросари ин қаламрави бузург ба анҷом мерасад, ки мазмуну мўҳтаво, дарунмоя ва ғояи он дар ҳамин аст.
Асоси романи «Девори Хуросон» ҳақиқати воқеӣ мебошад, ки дар таърихномаҳои қуруни вусто тазаккур ёфтаанд. Ба тахти шоҳӣ нишастани амир Исмоил, муносибати ў бо бародараш Наср, ҷангҳои ў ба муқобили амири Хоразм Ҳусайни Тоҳир, Наср, Амри Лайси Саффорӣ, туркҳои бодиянишин, муносибати каҷдорумарези Исмоил бо халифаи араб Мўътазид, бо аъёну ашрофи Бухорою Самарқанд ва ғайра заминаҳои ҳаётӣ доранд. Нависанда дар ин маврид садоқати худро ба таърих собит мекунад. Масалан, дар фарҷоми мағлубияти Наср дар ҷанги зидди Исмоил ва Насрро бо иззату икром ба Самарқанд гуселонидани амири Бухоро дар роман навишта шудааст: «Ин воқеа дар рўзи сешанбе, понздаҳуми моҳи ҷамодиюлохир, сол дар дувисту ҳафтоду панҷ рух дода буд» (4, 147). Дар ҷои дигар ба дарёфти маншури ҳукумати Фароруд мушарраф шудани амир Исмоилро тасвир намуда, чунин тазаккур медиҳад: «Ин воқеа дар моҳи муҳаррам ба таърихи дувисту ҳаштод буд» (4, 161).

пешина
аз 341
навбатӣ