Сояҳои шикаста

«Заминҳои тасарруфшуда дубора ба соҳи бонашон баргардонда шаванд» (4, 177).
Ин ҳама аз ҷумлаи муҳимтарин равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар замони Сомониён буданд, ки М.Солеҳ ба риштаи тадқиқи бадеӣ кашидааст.
Роман муносибати тарафайни Бухоро ва Бағдодро дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ хеле реалистона дарбар гирифтааст. Хулафои аъроб кўшиш ба кор мебурданд, ки амирони Вароруд ва Хуросонро алайҳи ҳамдигар барангехта, ҳарду кишварро аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф намоянд ва худ бар сари онҳо ҳукмрони доимӣ бошанд. Бо ҳамин мақсад онҳо худро зоҳиран ҷонибдори Амри Лайси Саффорӣ нишон медиҳанд, ба Амир Исмоил низ худро дўст вонамуд мекунанд, ўро ба ҳукмронии Мовароуннаҳр сазовор мешуморад, лекин онҳоро алайҳи ҳамдигар иғво медиҳанд. Ҳол он ки Бухоро толиби сулҳ будани худро ҳам ба Амри Лайс, ҳам ба иттифоқчии вай Хоразм рўшан иброз дошт. Мўътазид, халифаи Бағдод мегўяд: «Ду ҳамватан ( Амир Исмоил ва Амри Лайс – З.Ў.) ба ҷони ҳам хоҳанд афтод ва заиф хоҳанд шуд, дигар он ки як муддати дигар (Амри Лайс, ки амири Фароруд шудан орзуи ў буд – З.Ў.) кам мешавад… Исмоилро бояд бар зидди Амр ангехт» (4, 194).
Ҷангро бар зидди Мовароуннаҳр Амри Лайс Саффорӣ оғоз кард, вале дар соҳили руди Ҷайҳун аз лашкари амир Исмоил сахт шикаст хўрд.
Амри Лайси Саффорӣ дар ҷанги дуюми худ алайҳи Исмоили Сомонӣ мағлуб шуд. Ў, ки мегуфт «Ҳарб кардан бо Исмоил бинни Аҳмад ногузир аст.
Бояд биҷангем» (4, 198), «Ба як кишвар ду подшоҳ намеғунҷад!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё