Сояҳои шикаста

Чунон ки дар асари М.Солеҳ инъикос ёфтааст, амир Исмоил бо мақсади эмин гардонидани ҷиҳати шимолии сарҳадоти мамлакати худ қарор медиҳад, ки ба билоди турк Тирозу Фороб лашкар бикашад.
Мақсад на фақат сулҳу осоиш ва амнияти тоҷикон аз бодиянишинони турк, балки онҳоро аз дину оини насронӣ бароварда, ба дини мубини ислом даровардан ҳам буд, ки амир Исмоил инро вазифаи давлатӣ ва шаъни мусалмонӣ ба шумор меовард. Таърихан мардумони Тирозу Фороб аз ақвоми Байканду Бухоро, Нахшабу Суғд, ҳамагон ғозиён будаанд. Ҳаводиси таърихӣ онҳоро бо туркҳои бодиянишин - қарлуқҳо омехтааст. Аз ин рў дар қарни Х онҳоро аз қавмҳои саҳроии шимол фарқ намекарданд, ба эшон тамғаи бардагӣ мезаданд. Муносибати аҳли Бухоро ба озодагони шаҳрҳои шимолӣ дар асоси таассуби динӣ сурат мегирифт. Манзури Исмоил бо роҳи кишваркушоӣ аҳли шимол - қарлуқҳо ва аҷдоди ба онҳо омехтаи тоҷиконро ба ислом даровардан, озодагонро ба асли худ пайвастан будааст.
Муҳаммадзамони Солеҳ тасвир менамояд, ки Исмоил бо шаш ҳазор ғозии савора алайҳи бист ҳазор туркҳои қарлуқӣ ҳуҷум карда, шоҳи онҳо Танкишро асир мегирад. «Усқуфи аъзам ва дигар бузургони Тироз, ки ҳамагон мардуми суғдӣ ҳастанд, ба назди мардуми тарсзадаву ҳаросманд мебароянд» (4, 174).
Онҳо ба қарлуқҳо муроҷиат намуда иброз медоранд, ки «мо… бояд тақозои ғолибонро бипазирем.
Ва ба ҳамқавмони хеш ҳаммазҳаб шавем». «Дигар ба ҷои оҳанги ноқус садои азон хоҳем шунид» (4, 174). Амир Исмоил ҳам бо тантана хитоб мекунад, ки «Мо ин калисоро ба масҷиди ҷомеъ табдил медиҳем» (4, 175).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё