Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тартибе интихоз кунед, ки мувофиқи қавонин, одати қадима ва ахлоқи мо бошад. Бинобар ин суннат мо идораи умури давлати Фарорудро ба хости худованди муттаол ба Абоиброҳим Исмоил во мегузорем. Агарчанд ў ба сол аз баъзеи шумоён бузург нест, вале ба тадбиру дониш, салоҳияту силаҳшўрӣ бузургтар аст» (4, 151).
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки Наср дар вақти ба ҷои худ амири тамоми Фароруд таъин кардани Исмоил носозӣ ва набардҳоро, ки байни бародарон рух дода буд, ба инобат нагирифт, зеро дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз, ватандорӣ ва ҳукуматдорӣ муносибатҳои шахсӣ не, балки манфиатҳои миллӣ дар ҷои аввал қарор доштанд.
Дар романи «Девори Хуросон» тасвир гардидааст, ки маргу дафни Наср ва ба ҷо овардани суннати мотамдорӣ авлоди Сомониёнро муттаҳид кард ва Исмоил ҳамчун меросбари амири Фароруд суннати давлатдории аҷдоди худро идома дода, ягонагию якпорчагӣ ва иқтидори мамлакатро афзуд. Пойтахти Фарорудро аз Самарқанд ба Бухоро интиқол додан яке аз ҳамин гуна масъалаҳои сиёсӣ ва маъмурӣ буд. Инро худи ҳаёт тақозо мекард. Сабаби асосии он амну осоиши мамлакат ба ҳисоб мерафт. Қудрати ҳарбии кишварро афзудан лозим меомад. Ин аст, ки бо амри шоҳ ва тақозои вазъият Бухоро қалби давлати муқтадири Сомониён қарор дода шуд. Ин тадбир сарҳадоти мамлакати паҳноварро низ мустаҳкам менамуд, намегузошт, ки Амри Лайси Саффорӣ барин рақиби тавоно ё атроки ғаддор барин ғоратгарон чашмони ҳариси худро ба қаламрави Сомониён бидўзанд.

пешина
аз 341
навбатӣ