Сояҳои шикаста

Дар романи «Девори Хуросон» масъалаи меросбарии наслҳо бар расӣ шудааст. Нависанда нишон медиҳад, ки амирони Сомонӣ ин қазия ро хеле оқилона ва дурандешона қазоват мекарданд. Аз сулолаи худ подшоҳ таъин менамуданд, вале на ҳар касро. Қабл аз ҳама ба ақлу фаросат, донишу фарҳанг, ахлоқу одоб, ҷаҳонбинию маърифат, қоби лияти роҳбарӣ ва давлатдорӣ, садоқатмандию вафодорӣ, ватанхоҳию раият парварӣ, маҳорати ҷангию саҳнасозӣ, фидокорию ҷонфишонӣ барин хислатҳои шоистаи амиршавандаро ба назар мегирифтанд. Аз ин лиҳоз, чун вақти сарвари Бухоро таъин кардани шахсе фаро расид, Наср бе ҳеҷ шубҳа сарфи назар аз ҷавониаш ин вазифаро ба Исмоили Сомонӣ супорид. Наср дар ҳолати беморӣ ҳам сари ин масъала меандешад, ки пеш аз марги худ сарварии давлати Варорудро ба кӣ во гузорад. Вай ашхоси даркориро ба назди болини худ сарҷамъ оварда, ба эшон чунин мегўяд:
«Ман имрўз бояд амонатеро, ки бо худ дорам, ба соҳибаш биспорам, яъне бояд ҷонишини хешро муайян кунам, то дар миёни шумо пас аз ман ихтилофе наяфтад. Эй бародарон, эй фарзандон, ман ҳамаи шуморо ба як андоза дўст медорам, ҳамаи шумо барои ман як сон азиз ҳастед. Вале идораи умури давлатро ба касе аз Шумоён мегузорам, ки ба донишу тадбир, кордониву лашкардонӣ, адлу дод бузургтар аст. Ин суннат аз ниёгони қадим ба мо мерос мондааст. Балки ахлоқи мо шудааст, ки тибқи ин қонуни нонавишта амал кунем. Ин суннат хулқу хўйи мардуми мо шудааст, ки аз худ ба донишу рой бузургтаронро муқаддам мешуморанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё