Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мо фақат кишвари хешро ҳимоя кардаем» (4, 96).
Дар романи «Девори Хуросон» ҷанги Самарқанду Бухоро, саҳеҳ тараш лашкар кашидани Наср бар зидди Исмоил тасвир ёфтааст, ки ин дар аҳди «амири одил» сеюмин набард буд. Дар ин задухўрд Наср шикаст хўрд. Нависанда нишон медиҳад, ки ҷанги мазкур на дар заминаи сиёсӣ, масалан, бо мақсади кишваркушоӣ, балки дар заминаи иқтисодӣ ба вуқўъ пайвастааст. Дар сурате, ки амир Исмоил ду нафар намояндаи худ Абўмуҳаммади Бухорхудо ва Абўҳомиди Ясориро аз хонадони деҳқонони Бухоро ба ҳузури Наср фиристода илтимос дошт, то ба мо дар пардохти хироҷи Бухоро мўҳлат диҳанд, яъне ин хироҷро барои як – ду сол аз мо бардоранд, то мо тавонем қудрати дифоии кишварро пурзўр намоем, амир Наср бо хашму ғазаб пардохти панҷсад ҳазор дирҳамро бе каму кост талаб кард. Саркашии амир Исмоилро аз пардохтани хироҷ осӣ шудан, исён, ёғигарӣ ба шумор овард ва Наср бо лашкари бисёре зидди Исмоил ҷанг сар кард. Ин бархўрди нерўҳои мусаллаҳ бори аввал дар Тавовис бо сулҳ анҷомид, ки миёнрави он Рофеъ ибни Ҳарсама буд.
Муҳаммадзамони Солеҳ бо тасвири манзараҳои реалистона нишон медиҳад, ки ҷанги дуюми бародарон бар зарари Наср ва ба манфиати Исмоил анҷом ёфт. Омодагии бародарон ба ҷанг ва рафти он, мавқеи иттифоқчиёни ҳар ду тараф, шароити ҷанг ва аҳволи сарбозон боэътимод тасвир ёфтааст.
Нависанда омилҳои пирўзии Бухоро ва сабабҳои шикасти Самарқандро батафсил тасвиру таҳлил мекунад, афзалияти маънавӣ, маҳорати ҷангӣ ва одамияти амир Исмоилро нишон медиҳад.

пешина
аз 341
навбатӣ