Сояҳои шикаста

Нависанда тамоми равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии мамлакатро ба риштаи тасвир мекашад. Ин, қабл аз ҳама, ташкили мубориза алайҳи дуздони вилоят, ки дар натиҷаи пешрафтҳои ҷангии Яъқуби Лайси Саффорӣ фаъол гардида буданд. Дар ин ҷода анъанаҳои гузаштагони мардуми тоҷик зинда карда мешавад, рўҳи силаҳшўрии халқ эҳё мегардад. «Ҳар фарди кишвари мо бояд сарбоз бошад, - мефармояд шоҳ.- Деҳқонони арҷманд, ин вазифаи шумост, ки раияти хешро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омадани ҳимояти манфиатҳои кишвар гардонед. Ин рўҳ дар дилу ҷигари мардуми мо бояд аз нав зинда гардонида шавад. Аз имрўз ба ин кор иқдом бояд кард. Фардо ҳар деҳқоне бо дусад сарбози хеш ба ҷанг меравад… Лашкари мо ифодагари сирати мардуми мост» (4, 77).
Бо ҳамин усул роҳзанонро торумор карданд ва сари роҳбарашон ба дарвозаи Регистон овехта шуд, то дигарон аз қисмати ў ибрат бигиранд. Ин аввалин ҷанги Исмоил баъди расидан ба подшоҳӣ буд.
Ҳукумати Бухоро сиёсати хориҷии худро алайҳи душманони худ бо ҷанги ватанхоҳона ба амал татбиқ менамуд, ки намунаи боризи он мағлуб намудани омили Хоразм Ҳусайяни Тоҳир аст. Дар роман тасвир шудааст, ки ў бо ду ҳазор сарбоз қасди Бухоро кард, аммо амир Исмоил бо шашсад нафар сарбоз бо истифода аз василаи маъмули ҷанг - ҳуҷуми ногаҳонӣ ўро дар соҳили Ҷайҳун ба мағлубият расонид. Ҷанги дуюми сарҳангону сарбозони Бухоро бо сарварии амир Исмоил алайҳи Ҳусайни Тоҳир ҳамчун ҷанги одилона ва озодихоҳона тасвир ёфтааст, зеро, ба қавли амир Исмоил, «Мо ба мулки Хоразм лашкар накашидаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё