Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

дар бораи барпо намудани «як давлати мутамаркиз»
дастгирӣ менамояд ва меафзояд, ки барои ба ин ормон расидан халқи худро ба камолоти маънавию ҷисмонӣ расонидан зарур аст.
Дар романи «Девори Хуросон» нишон дода шудааст, ки дар ин ҷода на танҳо Исмоили Сомонӣ бо сабру тааммул саъю ҳаракат мекунад, балки мақсаду мароми ўро Балъамӣ, Муҳаммад ибни Нўҳ, Абдуҷаббор ибни Ҳамза, Аҳмад ибни Нўҳ ва дигар мансабдорон ва пайвандонаш маъқул мешуморанд, ба Наср арза медоранд, ки барои хиттаи Бухоро аз амир Исмоил беҳтар номзаде нест. Баробари ба Бухоро рафтани ў вазъияти он вилоят ором мегирад ва хотири Наср низ аз сарҳадоти шимолу ғарбии кишвар осуда мегардад. Аз ҳамин сабаб Наср Исмоили Сомониро амири Бухоро, Исмат ибни Муҳаммади Марвазиро вазир, Фазл ибни Аҳмади Марвазиро дабир таъин менамояд, маншур медиҳад ва дигар масъалаҳои ташкилиро роҷеъ ба ҳукумати Бухоро ба салоҳдиди худи амир Исмоил мегузорад.
Амири Мовароуннаҳр Наср ба амир Исмоил ин бор озодиҳои зиёдтаре дар маъмурият дода, дар айни замон вазифадор мекунад, ки ў бояд хироҷи яксолаи вилояти Бухороро дар ҳаҷми панҷсад ҳазор дирам бетаъхир ба байтулмол, яъне хазинаи Наср бифиристад.
Наср муносибати дипломатӣ ва бародариро нисбат ба Исмоил бо мақсади оромии мамлакат риоя менамояд, на танҳо ба Исмоил мегўяд, ки «Шумо ҳамеша дар дили манед» (4, 65), балки бо сарварии худаш тамоми бузургони дарбор ва вилояти Самарқанд ба гусели амир Исмоил мебароянд.

пешина
аз 341
навбатӣ