Сояҳои шикаста

Ин аст, ки амир Исмоилро фурўхташавии чанде аз аъёну ашрофи Бухоро ба хашму ғазаб меорад. Ин манзара намунаи барҷастаи ба гурўҳҳо тақсим шудани ҷомеа мебошад, ки дар романи «Девори Хуросон» мебинем.
Манзури нависанда таҳлили иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеаест, ки Исмоили Сомонӣ дар он муҳит бояд зиндагӣ ва кор кунад. Дар фикру андешаи амир Исмоил оштинопазирии насли нави Сомониён бо тақлид гарони араб, бо мансабдороне ифода ёфтааст, ки эшон дар натиҷаи хуш пазируфтани суннат ва ахлоқи хориҷиёни ғосиб ба сар мебурданд, мансабу манзалати худро дар даст нигоҳ медоштанд.
«Чӣ касе имрўз дар ҷомеаи мо чунин аст?- мепурсад ў ва худ посух медиҳад: - Он кӣ шабеҳ шудааст. Балки онҳоро ҳамчун ибрати дигарон ба ин мартабаҳо расонидаанд. Ин бузургтарин хатар дар роҳи бақои миллат аст…» (4, 48).
М.Солеҳ тасвир менамояд, ки ба решаи миллӣ пайвастан ва алорағ ми ҳукуматҳои бегона давоми ҳастии миллатро ба танзим даровардан дар аҳди Исмоили Сомонӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меомад. Бақои миллат вобаста ба бунёдгузории як ҳукумати фаррӣ ва нерўманди навин буд.
Ин масъала дар сўҳбати Исмоили Сомонӣ ва Абулфазли Балъамӣ баррасӣ мешавад ва онҳо ба ҳамдигар ба мувофиқа мерасанд. Балъамӣ ғояи Исмоилро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё