Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба ибораи дигар, касе аз қавми худ рў тофта, ба аъроб шабеҳ гардад, хориҷиён ўро ба инобат мегирифтанд. Агар аз халифаҳои араб норизоӣ ва эътироз намояд, эшон то аз байн бурдани чунин муборизони роҳи озодӣ тамоми чораҳоро меандешиданд. Дар ин бора таърих аз ҷасорати фарзандони фидокори миллат гувоҳӣ медиҳад. Исмоил саҳафоти таърих ва тақдири шаҳсиятҳои таърихиро, ки барои бақои миллат ҷонфишонӣ кардаанд, чун вазъияти мураккаби носозгории мутақобили афрод, саҳеҳтараш қисми пешқадами мардуми эронитабор ва аъёну ашрофи хилофати араб ба миён мегузорад. Вай ба Абулфазли Балъамӣ ва ғуломи хонадони сулолаи Сомониён Симо – ал Кабир мегўяд:
«Ман ташаббаҳа биқавмин фаҳмува минҳум»
фармудааст расули Худо. Яъне ҳар кӣ худро ба қавми дигар шабеҳ созад, дигар ба ҷомеаи худ пайваста нест, ба қавми дигаре вобаста аст, аз решаи худ буридааст, бо худ бегона шудааст, ойини дигареро пеша кардааст. Мардуми мо аз Имоми Аъзам ба ин сабаб пайравӣ кардаанд, ки муташаббеҳ нашаванд. Ин равия озодиҳое медод. Вагарна хуруҷи Абўмуслим бемаънӣ мебуд. Чаро сафедҷомагон бо роҳнамоии Ҳошим бинни Ҳаким хуруҷ карданд? Ин исёнҳо алайҳи чӣ буд? Алайҳи ҳамин муташаббеҳ шудан! (4, 47-48).
Вазъияти сиёсию иҷтимоии замони Сомониён тақозо мекард, ки онҳо равияҳои пешқадами таърихи халқи худ, таҷрибаи муборизаҳои озодихоҳонаи қаҳрамонони мардумиро бо замони худ бипайванданд, боиси бедорӣ ва худшиносии миллии ҳамзамонони худ гарданд, то ки мардум худро ба душманони хеш якранг набинанд, балки садоқати онҳоро ба аҷдоду авлоди худ тарбия намоянд.

пешина
аз 341
навбатӣ