Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Амир Исмоил ҳамроҳи бародараш Абўзакариё Яҳё ва дўсташ Фазли Марвазӣ таи чанд ҳафтае, ки дар Бухоро буд, як чизи муҳимро идрок кард: «Бухоро дар дасти соҳибони хеш нест». Аъроб ҳукмронӣ менамуданд ва шаҳрро бо усули «ҷуҳудбозӣ ва манфиатҷўӣ» (таъбири Исмоили Сомонӣ - З.Ў.) ҳаматарафа ғорат мекарданд ва сокинонашро ба ғуломӣ мебурданд. Зеро аҳли Бухоро дар диёри худ бегона буд. Аъроб онҳоро истисмор мекарданд.
Исмоили Сомонӣ ба ёрони худ гуфт: «Вақте ки ман бо деҳқонзодагони асили Бухоро сўҳбат мекардам ва аз онҳо розу ниёзашонро мепурсидам, дар чеҳраи ин ҷанобон (аъроб - З.Ў.) хашму эътироз пайдо мешуд» (4, 41). Пас чӣ бояд кард? Вазъияти кунуниро ба куллӣ тағйир додан зарур буд.
Исмоил чун як марди ватанхоҳ ва миллатпараст дар роҳи истиқ лолияти Бухоро мубориза мебарад.
Бухороро ба ҳоли худ гузошта, ба Самарқанд барои ҳаллу фасли масъалаи роҳбарӣ рафтани ў далели рў шани азму иродаи ўст. Дар ин сафар манзури ў нигаҳдории бақои миллат аст. Наср, амири Мовароуннаҳр, ҳанўз матлаби Исмоилро нафаҳмида, аз ў сахт ранҷид, ки бе иҷозат ва бе машварати пешакӣ Бухороро ба ҳоли худ гузошта омадааст. Ба истиқболаш набаромад ва амр дод, ки амири исёнгарро дар Сарои Самарқанд нигоҳ доранд. Исмоил ибни Аҳмад вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва рўҳию ахлоқии аъёну ашрофи Бухороро дар робита бо хилофати араб таҳлил карда, аввал аз ҳама ба вазир Абулфазли Балъамӣ сабаби носозии мутақобили худ ва аъробро баён менамояд.
Ҳақиқати ҳол чунин буд, ки ҳар як амалдори маҳаллӣ, ҳатто ҳар як деҳқони бухороӣ, агар бо намояндагони хилофати араб ҳамфикру ҳам ранг бишавад, рўз медиду ҳукумат меронд ва агар бар хилофи халифаҳои араб амале кунад, аз онҳо ҷазо медид.

пешина
аз 341
навбатӣ