Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Баробари ба дасти Сомониён гузаштани Бухоро Исмоил эълом дошт, ки «вазифа ва рисолати мо дар қаламрави хеш густариш додани дод аст, адл аст»
(4, 30).
Оё сиёсати нав хунрезиро аз байн мебурд? Агар дар мамлакат ошўбгарӣ барҳам хўрад ва оромӣ ҳукмрон гардад, хунрезӣ албатта, аз байн мерафт.
Вале афсўс, ки дар Бухоро зиддиятҳо идома доштанд, хориҷиён аз қудрати Сомониён ба тарсу ваҳм афтода, давлатро ба ихтиёри онҳо гузоштанд, аммо ботинан ба эшон бадхоҳӣ доштанд, ба пойдор шудани ҳукумати онҳо халал мерасониданд, зиддият нишон медоданд, душманӣ мекарданд. Дар чунин вазъият давлати тозабунёди Бухоро бо мақсади фаро овардани оромӣ ва густариши сиёсати халқпарварию ватанхоҳӣ рақибони худро ҷазо медод, ба зиндон меандохт, ба қатл мерасонд.
Чунон ки дар роман акс ёфтааст, Бухоро ду навъ душман дошт: душмани дохилӣ ва хориҷӣ. Маҳз душмани дохилӣ бадтарин душман маҳсуб мешуд, зеро ў ба сар ниқоб кашида, ошўбу исёнро ба амал меовард. Аз ин рў душмани дохилиро шинохтан лозим меомад. Душмани берунӣ чандон хатарнок набуд. Зеро ниқоб надошт ва худро нишон медод, ошкоро амал мекард. Онро саркўб кардан вазифаи давлат ва халқ ба шумор меомад.
Воқеият гуногунҷабҳа аст. Дар замони Сомониён низ ҷараёни ҳаёт ба нақшаҳои давлату ҳукумат дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид мекард, воқеият паҳлўҳои дигари худро падид меовард. Ба худшиносӣ гом ниҳодани Бухоро нахустин таҳаввулоте буд дар таърихи кишвар.

пешина
аз 341
навбатӣ