Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ки Наср ба Исмоил супориш дод, ки Бухороро бе харобкорӣ замимаи давлати Сомониён кардан лозим аст ва амир Исмоил ҳам ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал кардани ин қазия буд, чун Исмоил вориди кохи шоҳӣ мешуд, хориҷиёни шаҳр ғавғо барангехтанд, исён бардоштанд, нофармонӣ зоҳир намуданд. Бинобар ин бо супориши амир Исмоил ёрони ў шуртаи шаҳр ва сипаҳсолорро халъи силоҳ карданд, халифа Ҳусайни Хориҷиро, ки шоҳи Бухоро маҳсуб мешуд, низ гирифтанд ва ҳар серо ба зиндон кашиданд.
Нависанда тасвир менамояд, ки Исмоилро ба ин иқдом шароити замон – амалиёти фитнагаронаи хориҷиён, исёни нерўҳои иртиҷоӣ, ки намехостанд Бухоро аз дасташон биравад ва тобеи Самарқанд бигардад, водор сохт. Дар ҳамин вазъият амир Исмоил, ки ҳанўз бар тахти шоҳӣ нанишаста буд, наздиктарин барномаи сиёсии худро изҳор медорад:
«Ҳар ки розӣ нест, исён мекунад, боздоред. Мо кафолати амнияти ин шаҳрро ба гардан гирифтаем.
Пас намегузорем касе заррае бар он халал расонад.
Ба мардуми Бухоро ҳадафи моро бифаҳмонед. Осуда кору зиндагӣ кунанд. Дигар мо намегузорем, касе моли ишонро дуздад, хонаҳояшонро оташ занад ва худашонро ба бардагӣ барад. Дини мо, сиёсати мо дод аст!» (4, 29-30).
Баробари ба Бухоро қадам ниҳодани Исмоил, хусусан пас аз омадани ў ба сари қудрат, вазъи сиёсии мамалакат тағйир ёфт. Адлу зулм ба ҳам бархўрданд. Сиёсати халифаҳои араб муташанниҷ кардани вазъият, заиф намудани нерўҳои ватанхоҳ, ба ғорат бурдани сарватҳои моддию маънавии кишвар ва ба бардагию ғуломӣ гирифтор намудани тоҷикон буд.

пешина
аз 341
навбатӣ