Сояҳои шикаста

Аммо аҳолии Бухороро фурў нишонда натавонист.
Халқ боз сарҷамъ шуд ва алайҳи душман бархост.
Ҳусайне, ки «хироҷи Бухоро ба тамомӣ гирифта буд», шабонгоҳ девори кўшкро сўрох карда бигрехт, аммо сарвати фаровонро бурда натавонист, онҳоро мардум гирифт. Нависанда ҳикоят мекунад, ки пас аз Ҳусайн фитнаҳои дигар ва ҷангҳо бо аҳли Бухоро бисёр воқеъ шуд. Сабаби ин ҳама хунрезиҳо ва бесарусомониҳо дар ин будааст, ки амири Бухоро марди хориҷӣ, яъне араб буд ва дар Бухоро ҳавохоҳони зиёд надошт.
Муҳаммадзамони Солеҳ ёдовар мешавад, ки на танҳо Бухоро дар вазъияти муташанниҷ қарор дошт, балки бисёр кишварҳои Мовароун наҳру Эрон ва Арманистону Озорбойҷон низ ноором буданд.
Исмоили Сомонӣ ба дўстонаш мегўяд: «Яъқуби Лайс дар Сиистону Кирмону Форс меҷангад. Алавиён дар Гургону Табаристон, Абўубайда Муҳаммади Афшин дар Арманистону Озорбойҷон. Шом ноором. Рофеъ бинни Ҳарсама дар Хуросон… Имрўз хилофат қудрати пештараи худро қариб аз даст додааст. Фақат ба иғвогариву ҷангандозӣ машғул аст ва ба ин восита бақои мутазилзили худро нигоҳ медорад. Мо дар ин қисмат бо шабушкхўрҳо даргир ҳастем…» (4, 6-7).
Амир Исмоил дуруст мегуфт. Шароити Бухоро чунон мураккаб ба шумор меомад, ки роҳбаронаш, аз қабили раиси шаҳр Хоҷа Абулҳафси Сағир Исмоили Сомонӣ ва аҳли рикоби ўро хуш истиқбол карда бошанд ҳам, хабари омадани амири нав аҳли Бухороро ба фирқаҳо ҷудо карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё