Сояҳои шикаста

Дар ин маҳдуда чи дар қаламрави кишвар ва чи берун аз он–дар хилофати араб воқеаҳое рух медиҳанд, ки дар роман ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд ва мазмуну мўҳтаво ва моҳияти сиёсати давлатдории Исмоили Сомонӣ ва шаклҳои мухталифи онро реалистона нишон медиҳанд.
Дар роман, хоҳ ба таври иттиоолотӣ ва хоҳ бо манзаранигорӣ, хоҳ бо усули муколама ва хоҳ бо сабки монологи ботинӣ, вақоеи ҳақиқати таърихии ба сари қудрат омадани Исмоили Сомонӣ инъикос ёфтааст. Нависанда нишон медиҳад, ки худи рафти воқеаҳои давр Исмоилро ба тахти подшоҳӣ нишонд.
Бухоро барин як шаҳри калони таърихӣ дар тасарруфи аъроб буд ва заиф будани ҳокимиятро дониста туркҳои бодиянишин ба он ҷо тохту тоз мекарданд ва сарватҳои онро ба ғорат мебурданд. Хилофати араб ҳам қудрати собиқаи худро аз даст дода буд ва бо дасисакорию иғво, ҷангандозии ҳокимони шаҳрҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон ҳузури худро нигоҳ медошт. «Мардуми Бухоро аз чаповулу ғорат, куштору сўхторҳои пай дар пай хаста шудаанд, ба ҷон расидаанд, - мегўяд Наср ҳангоми сўҳбат ба Исмоил(4, 11).
Дар роман аз номи Наср таъкид шудааст, ки аҳли Бухоро бо Ҳусайн ибни Тоҳир ат – Тойӣ, бо ғосиби худ ва лашкари ў набарди сахт карданд. Одами бисёре кушта шуд, вале шаҳр сари таслим хам накард.
Бинобар ин Ҳусайн «мунодӣ кард ва амон дод». Нависанда айёрию фиребгарии Ҳусайнро нишон дода, менависад (ки ин ҳам аз номи Наср), чун мардум пароканда шуданд, ў боз халқро аз дами теғ гузаронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё