Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

боэътимоди таърихӣ такя карда, менависад:
«Исмоили Сомонӣ аз муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият истифода бурда, нахустин бор пас аз истилои араб сарзамини дар натиҷаи задухўрдҳои дохилӣ парешонгардидаро ба ҳам муттаҳид намуд ва давлати бузурги мустақиле ба вуҷуд овард. Вай дар баробари барҳам додани ҳукумати Саффориён ҳокимияти худро на танҳо дар Мовароуннаҳр ва Хуросон мустаҳкам кард, балки ба як қатор вилоятҳои шарқӣ ва шимолии Эрон соҳиб гардида, истиқлолияти ҳақиқии давлати ташкилкардаи худро нисбат ба хилофати Араб таъмин намуд»(2, 453, 454).
Дар бораи давлати Сомониён ва мавқеу мақоми асосгузори он Исмоили Сомонӣ тадқиқотҳои арзишмаде аз тарафи донишмандони тоҷик ва хориҷӣ интишор ёфтаанд, ки феҳристи онҳо дар асари мазкури Б.Ғафуров «Тоҷикон» нишон дода шудааст (2, 293-366). Аммо, чӣ тавре ки қаблан ишора карда будем, идеологияи шўравӣ имконият намедод, ки нависандагон оид ба давлати феодалии Сомониён, бахусус, нақши Исмоили Сомонӣ дар истеҳком ва рушди он асарҳои бадеӣ эҷод намоянд. Ин кор дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид. Ба ифтихори 1100 – солагии давлати Сомониён романи Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон» (1999) интишор ёфт, ки ин аввалин асари бузурги ҳамосавӣ дар бораи кору пайкори асосгузори Давлати Сомониён амир Исмоил маҳсуб мешавад. Ҳудуди фарогирии мавзўю масоили ҳар як роман муайяну мушаххас аст. Романи «Девори Хуросон» аз тасвири вазъияти сиёсию иҷтимоии Бухоро дар арафаи волии ин шаҳр таъин шудани Исмоили Сомонӣ оғоз ёфта, то истеҳкоми ҳокимияти ў, амири тамоми Мовароуннаҳру Хуросон гардидани Исмоил ибни Аҳмад ва кишваркушоиҳои ўро дарбар мегирад.

пешина
аз 341
навбатӣ