Сояҳои шикаста

Васияти ғояте аст ба нависандагони навқалам, ки қувваи эҷодии ҳанўз пухта нарасидаашро ба сюжетбофӣ аз худ «сарф накунад, бал ки аз ҳаёт аз мушоҳидоти худ сюжетҳои каму беш тайёрро гирифта нависанд.
Сониян аз «хўшрўнависӣ» иборапардозӣ ҳазар бояд кард. Ин чунин аз иғроқ (Дар ҳикояи Муҳаммадзамони Солеҳ, баъзан ҷумлаҳои муғлақ ва мубҳам дучор мешаванд, ки ба баъзе аз онҳо дар ҳошия ишора кардем).
Дигар мулоҳизаи ман ин аст, ки нависандаи ҷавон ва талантнок то ба матбуот набарояду мўҷиби танқиду тақризҳо нашавад, тараққӣ намекунад.
Ҳар қаламкашро ба панди зерини шоири хирадманд корбастан лозим аст:
Кутоҳсуханӣ ситода ҳолест,
Бисёр сухан задӣ- малолест.
Он беҳ, ки чу нуктае сиголӣ.
Ҳарфе набувад зи нуқта холӣ.
Ўлмасова Замирахон
Инъикоси воқеияти замони Сомониён дар романи
«Девори Хуросон»-и Муҳаммадзамони Солеҳ
Яке аз масоиле, ки дар романи таърихии замони Истиқлол мавриди тасвир қарор гирифтааст, ин таърихи ташаккули давлатдории сирф тоҷикӣ мебошад. Ба эътибори муҳим будани мавзўи мазкур аҳли адаб ба мушаххасот ва ҳаводиси ин ҳодисаи муҳим бештар мутаваҷҷеҳ гардиданд, то омилҳои ин ҳодисаи муҳими таърихиро дарк ва бозгў карда бошанд.
Ташаккули давлати Сомониён ва мақому нақши поягузори он Исмоили Сомонӣ дар ин ҷараён аз мавзўъҳои муҳими адабиёти муосири тоҷик, бахусус насри он будааст.
Исмоили Сомонӣ шоҳи одил ва истиқлолхоҳ буд, ба манфиати халқ ва кишвари худ саъю талош мекард. Аз ҳамин сабаб аз даромади моддии Бухоро қариб 700 ҳазор дирамро, ки мебоист ба хазинаи Наср супорад, нигаҳ дошт ва он маблағро ба ободии шаҳр, некўаҳволии мардум ва ташкили артиши ватанхоҳ харҷ кард. Дар ҳамин заминаи иқтисодӣ байни бародарон ҷанг шуд. Задухўрди якум, ки соли 886 ба вуқўъ пайваст, боиси аз вазифаи волигӣ–қоиммақомии Бухоро сабукдўш шудани Исмоил гардид. Задухўрди дуюм (соли 888) бо пирўзии Исмоил анҷом ёфт, аммо ў даъвои ҳокимият накард, Насрро бо иззату икром ба Самарқанд гусел кард ва фақат баъд аз вафоти ў ба тахти салтанат нишаст. Бухороро пойтахти қонунии давлати Сомониён эълон намуд. Вай сиёсати оқилонаи дохилӣ ва хориҷиро пеш гирифт. Академик Б. Ғафуров ба сарчашмаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё