Сояҳои шикаста

– Хўроки дўстдоштаатон?
– Ширбиринҷ, қурутоб, нони баҳавло.
– Нўшокии дўстдоштаатон?
– «Руская водка».
– Сифатҳои дўст?
– Покӣ, бетамаъӣ, беғаразӣ.
– Ҳайвони дўстоштаатон?
– Саг.
– Аз воситаҳои нақлиёт чӣ доред?
Дупо (механдад).
– Алҳол ҳамчун рамзи эҳтиром дар кисаатон расми киро доред?
– Расми азизонро дар дилу дида дорам, одати кисабардорӣ надорам.
– Ошиқ шудаед? Каю ба ки?
– Тамоми тўли зиндагӣ ошиқам. Ошиқи инсонҳо, замин об ҳаво, гиёҳ. Аммо ишқи даврони ҷавонӣ дигар будааст.
– Дар бойгониатон чӣ доред?
– Вариантҳои гуногуни асарҳоям.
– Сўҳбати мо дар арафаи Соли Нав гузашта истодааст. Шуморо аз номи хонандагони сершумори рўзнома табрик намуда, барори корҳои эҷодатонро тамано дорам.
– Ташаккур.
Сўҳбатнигор
Ҳ. Шарифов
(«Машъал» 11-01-2002)
Мақолаҳо
Сотим Улуғзода
Ҳикояҳои Муҳаммадзамони Солеҳ
Қобилияти нависандагиаш ҳоло чандон зуҳур накарда бошад ҳам, ба хубӣ ҳис карда мешавад. Соҳибандеша аст. Дар воқеаҳои ба назар майдаву оддӣ маъниҳои ниҳонии онҳоро меҷўяд. Услубаш лирикӣ фалсафӣ. Хушсавод. Сухандон аст. Тасвирҳояш дар аксар маврид дақиқона ва рангинанд. Нуктаҷўй, ҳикматдўст, файласуфваш аст. Аммо рамз, истиора, аллегорияҳоро дўст медорад, аз сухани оддӣ, аз мавзўъҳои соддаи ҳаёт дурӣ меҷўяд. Агар дар мавзўе нуктае, рамзе, аллегорияе набошад, ба он мавзўъ мароқ надорад.
Бештарин нуқтаи тахайюлот, қувваи эҷодиаш ба ёфтану сохтани ҷумлаҳои бикр, ҳикматтдор, фалсафимаонӣ сирф мешавад. Дигар барои ҳикоя кардан сюжетро «ин сў – он сў» ҳаракат додан, коллезия ва ситуатсияҳо сохтан қувват намемонад.
Мавзўъ, сюжетро аз ҳаёт, аз мушоҳидоти зиндаи худ намегирад онро аз тахайюли худ мегирад, «мебофад» , ба тавре ки дар вай рамзе, нуктаи фалсафӣ, аллегория бошад. Ба ҷои ҳикоя кардан, сюжетро ҳаракат додан дар андешарониҳои «ҳакимона» дар тадқиқи тўлонии ҳиссиёту андешаҳои ботинии персонаж ғарқ, мешавад. Дар тафаккуроту тахайюлоти худ ё ба ибораи худаш «худ дар худ» фурў меравад.
Агар ин шева дар вай истеҳком ёбад, метарсам, ки рафта-рафта ўро ба тангкўчаи сарбаста дарорад.
Ба ҳаёти «зинда» (хоҳ замонавӣ бошад ва хоҳ таърихӣ, ривоятӣ ва ғайра) ба чашми боз нигаристан, аз вай фикру ҳикмату илҳом ҳосил кардан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё