Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Муҳаммадзамони Солеҳ дар хона?
– Падар, соҳибхона, диктатор (механдад).
– Фарзандон касби Шуморо пеша мекунанд?
– Ихтиёрашон, Муҳаммадҷон муҳассили курси чоруми институти политехникӣ. Куруш мактаби миёнаро хатм кард, ба институти бародараш дохил шуданист. Номмонии Куруш таърихча дорад. Ҳангоми мубталои офариниши ин абармарди замину осмон буданам (ў дар Қуръон бо номи Зулқарнайни Одил ёдрас шудааст, ки воқеан ҳам таърихи башар назирашро дар адл надидааст) писарам таваллуд шуд ва бо як ҷаҳон умед ўро Куруш номидам. Шояд ў баробари ин номи бузург масулияте эҳсос намояд.
– Зиндагӣ дар деҳот хуб аст ё дар шаҳр?
– Имрўз на инҷову на он ҷо. Умуман барои эҷодкор шаҳр хуб аст, муҳити адабӣ дорад.
– Ба ҷавонон чӣ гуфтани доред?
– Илм омўзанд.
– Китоб ҷамъкарданро дўст доред?
– Китобхониро дўст дорам.
– Ҳофизи дўстдоштатон?
– Повороти (итолиёӣ), М. Баҳодуров.
– Спетакли дўстоштаатон?
– «Юсуфи гумгашта…».
– Мағулияти дўстдоштаатон?
– Сайру гашт.
– Сигори дўстдоштаатон?
– Хурсандиовар аст, ки баъди 40 сол сигоркаширо пушти по задаам.
– Латифаи дўстдоштаатон?
– Майли гуфтан ё гўш кардани латифа надорам.
– Фасли дўстдоштаатон?
– Баҳор, Тобистон, Тирамоҳ, Зимистон.

пешина
аз 341
навбатӣ