Сояҳои шикаста

– Хеле хуб аст, ки сафи адибони тоҷик аз ҳисоби шоирони навпардоз меафзояд. «Фурўғи хирад» аввалин китоби ҳирфаӣ дар адабиёти тоҷик аст. Барои онро хондану фаҳмидан аз бисёр консепсияҳои адабӣ бохабар бояд буд. Тарзи баёни М. Боқӣ услуби эҷоди Сухравардию Айнулқуззоти Ҳамадониро мемонад.
– Аз ҳаёти фотеҳони Дилварзин чаро чизе наменависед?
– Маълум мешавад, ки навиштаҳоямро на ҳама вақт мехонед. Дар ҳамаи асарҳоя дарди Дилварзин дарди мардуми Дилварзин ҳаст, ман аз комёбиҳои ҳамдиёрон илҳои гирифта, нокомиҳояшонро чун дарди худ қабул дорам. Ҳикояи «Афсонаи деҳаи матрук» ин чизро бештар нишон додааст.
– Ба эҷоди аҳли маҳфили «Зарафшон» ошноӣ доред?
– Ба таври умум Қувватбекро ҳамчун шоири пухтакор медонам. Аз навиштаҳои О. Исматӣ, Ҷ.
Юсуфӣ бохабарам, агар меҳнатро «дўст» доранд ояндаи хуб интизорашон аст.
– Аз мактаби миёна омўзгорону ҳамсабақонатон чи хотираҳо доред ?
– Айёми тиллоӣ буд мактаби миёна. Бисёр лаҳзаҳои гуворо дар ёдаманд. Аввалин муаллим, аввалин ҳарф, ишқи аввал– ҳама дар ҳамин давра буд.
Ман бештар ба математика, физика, химия меҳр доштам. Омўзгорон ҳама дар ташаккули мо саҳм доранд. Лекин лаҳзаҳои дарси Ҳикматулло Боқиев, Шохмирак Партобов (муаллими математика) Аҳмадов (химия) бештар дар ёдам мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё