Сояҳои шикаста

Ба рўзномаи нав таъсиси «Адабиёт ва санъат» гузашта бошам ҳам ба театр алоқаи доимӣ доштам. Ин ҳамкорӣ дар ҳаёти эҷодии ман нақши амиқ гузоштааст. Аз он меболам, ки дар таҳияи модели театри миллӣ, ки баъдҳо номи «Аҳорун»-ро гирифт саҳми ман ҳам ҳаст. Соли 1985 буд. Дар Алмаато фестивал – аз назаргузаронии театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон бо номи «Наврўз» мегузашт. Ман ҳамчун рўзноманигори театршинос аз фестивал гузоришҳо таҳия менамудам. Ҷанбаи милии намоишҳо барои он давра чунон пурқувват буд, ки дар мо ақидаи созмон додани театре, ки заминаи воқеан ҳам миллӣ дошта бошад пайдо шуд. Ҳамон ҷо ҳамроҳи ҳунарпешаи номдор Фаррух Қосимов модел ё тарҳи тетри миллиро дар асоси адабиёти тасаввуф ё шеъри сўфиёнаи адабиёти ҳазорсолаамон сохтем. Баъд Ф. Қосимов аввалин роҳбари бадеии ин театр таъйин гардид. Нахустспетакли «Аҳорун» «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз шеърҳои Аттору Румию Ҷомӣ таҳия гардида ва аз тарафи тамошобинону мутахассисон хуб пазируфта шуд. Ба ман муяссар шудааст, ки дар шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шўравӣ борҳо ин ҷомеаи меҳнатиро ҳамроҳӣ кардам. Дар мактаби марказии кино ва театри Маскав оиди эстетикаи ин театр ба донишҷўёну омўзгорони ин даргоҳи санъат лексияҳо мехондам ба ҳайси як театршинос. Ҳамроҳи ин театри номӣ ба Эрон, Россия, Узбекистон, Гурузия сафарҳо доштам ва онрўзҳо фаромушнашавандаанд. То ба имрўз ба театр ва дўстони он ҷо будаам, робита дорам.
– Ба наздики асари шоир Мирзо Боқӣ – дўсти ману Шумо ба ташнагони каломи бадеъ пешкаш гардида, аз унвонаш «Фурўғи хирад» маълум, ки фалсафаи зиндагӣ мавзўи асосии китоб мебошад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё