Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Сафари ҳаштуми Симбод»
бо забони русӣ дар Маскав нашр гардид. Ҳикояҳо, таронаҳо дар кишварҳои ҳамсоя рўи чопро диданд.
– Дар «сияҳдон» чӣ доред?
– Реҷаҳо бисёр. Пеш аз ҳама кўшиш дорам, ки силсиларомани «Малкушон» (Тўфони охирин деви харобиовар), ки «Номаҳо аз девонахона», «Оҳанги шаҳри ишқ», «Хобҳои Баҳром», «Дар ҳузури ҳазрати Одам», «Куруши Кабир», «Зулмоти адаб»-ро дар бораи ҳаёти Монӣ– (пайғамбари дини монавӣ) ба поён расонам. Нияти навиштани романи «Пайғамбар»-ро дорам. Як силсила ҳикояҳо низ омодаи чопанд.
Аввалин хонандаи Шумо?
– Худам.
– Таҳрир ки мекунад?
– Худам, аммо таҳриргаро дўст надорам. Лекин болои навиштан бисёр меҳнат мекунам.
– Шумо дар ҳаёти театри «Аҳорун» борҳо ба хориҷа сафар кардаед, таърихчаи ҳамкории Шумо бо ин колективи номдор аз куҷо оғоз меёбад?
– Ман худамро бахтёр меҳисобам, ки бо театр ҳамкорӣ дорам. Баъди хатми Донишгоҳ ман се сол дар редаксияи адабӣ-драммавии телевизион кор карда, дар аспирантура мехондам. Дидам, ки холаи ҳамакора ҳами коро нимкора мешавад, аз баҳри аспирантура баромадам. Баъд ба театри машҳури мамлакат – театри академӣ - драммавии ба номи Лоҳутӣ ба кор омадам. Вазифаам мудири қисми адабии театр будам. Як сола фаъолият дар ин боргоҳи ҳунар баробари даҳсола таҳсилҳо буд. Маънои сухан, латофати нутқ, шевоии гуфтор, ғунҷоиши бор, ман аз ин маскан бардоштам.

пешина
аз 341
навбатӣ