Сояҳои шикаста

Имрўз шакли пурраи онро хонандагон дар даст доранд.
– Чаро «Мўйсафед ва саг»?
– Дар муносибати ин ду офаридаи Худо ман воқеаҳои охирини даҳаи асри XX –и таърихи кишварро пешгўи кардам ва мутаасифона, онҳо рост баромаданд. Бояд гўям, ки агар ба навиштаҳои ман шинос бошед банда дар шаклҳои гуногун пешгўиҳо дорам, аммо чунон ки хати сюжети асарро вайрон накунанд.
– Адибони машҳури мо, масалан устод Лоиқро гиред, тарҷима зиёд дорад…
– Чаро дар ман кам? – пурсиданиед.
– Бале.
– Барои он ки вақт даст намедиҳад. Шеър гапи дигар, кўтоҳ. Аммо агар нависанда классикони адабиёти ҷаҳонро ҳам хонад ҳам тарҷума кунад, пас худаш кай асар меофарад? Ман ҳам тарҷумаҳо дорам, лекин хеле кам. «Достони баччагии Мушфиқӣ»-и адиб русзабони тоҷик Темур Зулфиқоровро (писари олими шинохтаи забони тоҷикӣ Успенская) тарҷума кардам. (Чанд сол пеш ин адиби навовару навҷў барои гирифтани мукофоти Нобелӣ дар соҳаи адабиёт пешниҳод шуда буд, гар чанде комёб нашуд. Лекин ин эътирофи адабиёту адибони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ буд).
– Муҳаммадзамони Солеҳ дар хориҷи кишвар...
– Дар Эрон. Аксари ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ будам. Китобам дар Эрон бо пешгуфтори Фаридуни Ҷунайдӣ чоп шуд. «Номаҳо аз девонахона» дар зимни суҳбатҳо бо хабарнигории рўзномаи «Кайҳони ҳавоӣ», «Ардовирафнома ё сояҳои шикаста» низ дар ҳамин кишвари ҳамфарҳангу ҳамнажод пешкаши хонандагон гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё