Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар кўдакӣ аз даму нафаси ин ду алломаи замон борҳо баҳра бардоштаам, шояд «оштонҳои» бастаи онҳо маро маҳбуси якумраи диёри озодандешон карда бошад, шермард (механдад). Дар деҳаи мо ҳамчунин соҳибилмоне аз қабили бародарон Мулоазими хаттот, Мулло Масъуди таърихнигор, Мулломансур ва Мулловосеъ зиндагӣ кардаанд. Маҳз туфайли онҳо сифати «Боғчаи мулло» ба деҳамон мансуб гардонидаст.
– Шуморо қатори қаламкашони печидаандеша номбар мекунанд танқиди адабӣ? Оё соддатар…
– Фикратонро фаҳмидам. Ҳама Саъдию Чехов намешаванд. Заруратам нест. Дигар ин ки насри психологӣ дар мо нав ҳам нест. Устод Ҷалол Икромӣ дар «Тори анкабуд», «Ман гунаҳгорам»
барин асарҳояш ин анъанаи адабиёти классикиро идома додааст. Ман ҳам намояндаи ҳамин тарзи тасвирам, аммо Худо аз тақлид нигоҳ дорад. Нависандае, ки аз омўзиш боз монд ё тақлидро пеша кард, дари адабиёт ба рўяш баста мешавад. Ман кўшиш мекунам, ки қаҳрамонҳоям байни мардум бошанд, тафаккури андешаи солим роҳнамояшон бошад, мехоҳам хонандаи тоҷикро аз кўчаи тай намудаи ҷаддаш роҳнамоӣ кунам, асолати тоҷиконаро дар ў бедор кунам, шуури миллиро талқинаш намоям, роҳбалади боғи маърифат бошам.
– Солҳои охир гузаронидани ҷашнвораҳои мавлудӣ мўд шудааст. Назари Шумо ба ин масъала?
–Ҳар ҷашнвора бояд ҷанбаи тарбиявӣ дошта бошад, вагарна ҷашн ба хотири ҷашн ба ки даркор?
– Ҳикояи охиринатон «Муйсафед ва саг ё дар интихоби шаб»…
– Мебахшед ин ҳикояи охирон нест. Вай хеле пеш иншо ва дар «Адабиёт ва Санъат» соли 1989 ихтисоран чоп шуда буд.

пешина
аз 341
навбатӣ