Сояҳои шикаста

Маслиҳат доданд, ки адабиётро омўзам. Ҳамин тавр қисматам маро шигирди марди хирад Шарифҷон Ҳусейнзода гардонд ва Худоро шукр мекунам, ки чунин бахт насибам гардид.
– Шояд ин шуғли меросӣ бошад дар авлодатон…
– (Механдад) Не, шермард гуфтамку ҳама аҷдодон дар риштаи савдо касб доштанд. (Лекин чеҳраи ў ҷидди мешавад), аз рўи нақди волидон аҷдодонамон донандагони мероси пурғанои гузаштагон буданд.
Бобоям Муҳаммадзамон, қиссаҳои шўрангези «Абўмуслимнома», «Ҳотами Той»-ро азёд медонистаанд ва шабҳои сарди зимистонро атрофии сандалӣ бо дўстон қиссахонон рўз мекарданд.
Мадорам ҳам бисёр зани закию доно, меҳрубон, нигаҳбони хонадон буданд. Аввалин калимаҳои ноби тоҷикӣ бо аллаҳои он олиҳа меҳру шафқат, сари гаҳвора садоҳои дигарро аз мағзам «ронда», маро ба дунёи ширини муҳаббату зебоӣ, оромиву танфиқ ҳидоят карданд.
Ногуфта намонад, ки деҳаи моро «Боғчаи мулло» мегўянд. Он ҷо чунин инсонҳои шариф ба монанди Эшони Муфтӣ – Мулоаҳмад Мираминзода.
Эшони Мулоумар, ки хатмкардагони мадрасаҳои Бухороанд, умр ба сар бурдаанд ва бо дониши амиқу хулқу хўи нек миёни мардум соҳибэҳтиром гардиданд, Эшони Муфтӣ ҳамсабақи Устод Айнӣ буда, бо тахаллуси Маҳвӣ шеър мегуфтанд. Ба қариби бо кўшиши журналисти соҳибзавқ Мирзо Шукурзода дар Теҳрон осори Эшони Муфтӣ бо номи «Кўҳкане аз корситони дил» дар шакли китоби алоҳида ва хоно аз чоп баромад, ки ин барои аҳли адаб туҳфаи хубест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё