Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Илҳом пеш ё истеъдод?
– Истеъдод худодо мебошад, аммо бидуни меҳнати доимию омўзиши илм ҳеч аст. Илҳом вақте моҳият пайдо мекунад, ки мавзўъ пухта ва мисли хамир «расида» аз ихтиёри мағз нияти дамидан дошта бошад.
– Гуфтед, ки барои нависанда тамоми умр омўхтан зарур. Худатон бештар чиро меомўзед?
– Ҳар он чизе ки бо номи Илм маъруф аст. Агар нависанда олим набошад, чизи арзишманд офарида наметавонад. Масалан ман ҳама ҷо сари ин масъала андеша мекунам.
– Китоби рўи мизиатон?
– Ин саволи класикии рўзноманигорон аст ва ҷавоби ман тайёр: китобҳои ҷевон ҳама рўи мизианд, чун ки дар ҳафта борҳо варақашон мезанӣ.
Аммо китоби ғазалҳои нотакрори Хоҷа Ҳофиз рўи мизи ман доимо кушода. Ҳамроҳам аз меҳмонхона ва пешвон (балкон) ошхона рўи ҳавлӣ, кўча ҳатто ба сафарҳо мебарояд ва доимо илҳомбахш аст.
– Нависандаи писандидаатон?
– Содиқ Ҳидоят, Ҳерман Ҳессе, Сартр, Камю, Кафка…
– Аз кай пешаи нависандагӣ «гулўгиратон» кард?
– Аз курси севуми донишгоҳ. Лекин медонед, ман ки шудани будам? Геолог! Меҳри куҳу дараи кишвар маро мафтуни худ карда буд. Аммо модарам рози нашуданд. Ҳуҷҷатҳоямро барои бахши ҳуқуқшиносӣ омода кардам, падарам не гуфтанд!
Хайр гуфтаму озими Самарқанд шудам, шомили институти савдо гардам. Мулосангин Ниёзови авлодамон, ки солиёни дароз яке аз роҳбарони ноҳия буданд, монеаи ин ниятам шуданд.

пешина
аз 341
навбатӣ