Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Шеъри ба устод Лоиқ бахшидаатон, ки дар китоби ёдбуди Лоиқ чоп шудааст, ба ҳамагон писанд омадааст. Табрик мекунам.
– Ташаккур. Ин ҳам аз бузургии устод Лоиқ, ман танҳо баъзе аз сифатҳои ин нохудои баҳри шеърро сароидаму халос.
– Оиди романи «Девори Хуросон» чанд сухан мегуфтед.
– Соли 1999 чоп шуд. Дар доираи омодагӣ ба 1100-солагии давлати Сомониён, қатори туҳфаҳои идона буд барои меҳмонони ҷашн. Аз он шодам, ки ин давраи воқеан ҳам тиллоии таърихи кишварро рўи коғаз оварда, пешкаши хонандагон намудам.
– Таърихи иншои асар…
– Чанд сол омўхтам, таҳлил кардам, дар калла пухтам ва сари миз нишастаму дар ду сол пешкаши хонанда гардонидам. Ба ибораи устод Муъмин Қаноат «худро холӣ кардам». Ана, тамом. Ҳамаи «гапи» лабараторияи эҷодиро ин ҷо овардан ҳоҷат надорад.
– «Девори Хуросон» барои мукофоти давлатии ба номи Рўдакӣ пешниҳод шудааст.
– Ҳамин тавр мегўянд, аммо ман, умуман адиб, вақти офаридани асар ба ин ҷиҳати масъала эътибор намедиҳад.
– Китобит аввалинатон, хато накунам «Сарви Кишмар» ном дошт?
– Бале онро «Ирфон» соли 1984 чоп карда, маҷмўаи ҳикояҳоям аст.
– Одатан кай эҷод мекунед?
– Шаб. Барои он ки паҳлавононе бо номи хоб ба ҳама пирўзӣ меёбад ва банда дар утоқи корӣ дар ошёнаи чорум сари миз менишинам ва қалам ба коғаз мебарам, худро ба ихтиёри андеша месупорам, агар ҳаминтавр иҷозат бошад.

пешина
аз 341
навбатӣ