Сояҳои шикаста

Ман ба ояндаи нек боварӣ дорам
Муаррифинома: Муҳаммадзамони Солеҳ соли 1951 дар деҳаи Падрох дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Баъди муҳоҷирӣ дар Дилварзин мактаби миёнаи №3-ро хатм карда, ДМТ гардид. Номаи камол дар ҷайб дар телевизион, театри ба номи Лоҳутӣ, рўзномаи «Адабиёт ва санъат»
адои вазифа намудааст.
Алҳол ба кори эҷодӣ машғул аст. Оиладор соҳиби
2 писару 1 духтар. Ғайри ҳизбӣ. Сокини Душанбешаҳр. Ба қариби Муҳаммадзамони Солеҳ меҳмони ҳамдиёрон буд ва розӣ шуд, ки ба чанд саволи мо посух диҳад.
– Муҳаммадзамони Солеҳ кист? Нависанда ё…
– Пеш аз ҳама як инсон, як нафар аз шумоён.
Баъд муаллифи он чанд китобак.
– Аввалин ҳикоятон?
– «Рўзи Ғалаба» ном дошта, ғояи пирўзии инсонро ба худ таҷассумгар аст. Умуман аз солҳои мактабхониам «қаламбадаст» будам, хурсандии ҷопи таронаҳои аввалинам дар «Машъал» ҳанўз аз ёдам нарафтааст.
– Мегўянд, ки Шумо шеърҳам менависед…
– Бале, ҳамин хел «касалӣ» ёрам ҳаст. Аввалин шеъракамро дар синфи 8-ум навишта будам. Ошиқона буд. Ошиқ будам. Дафтари шеърам тобора ғафс мешавад, аммо намехоҳам рўи чопро бинанд. Ҳикояҳои хурд-хурд дар услуби Саъдӣ менавиштам, вале ба касе нишон намедодам, танҳо худам мехондам дар гўшаҳои хилват. Баракси устод Айнӣ, чорчубаи наср тангӣ кунад, ман рў ба шеър меоварам, ин шўхи албатта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё