Сояҳои шикаста

«Ҳикояти марги Ҳофиз» беҳтарин навиштаи ў буд. Улуғзода баъд аз рафтани писараш ба хориҷ шиканҷа ва озори зиёд дид. Баъд ҳам китоби «Аллома Адҳам»-ро дар ин бора навишт.
Ҳунару адаб: Ҳукмати комунистӣ аз нависандагон ва шоирон чӣ мехост?
М.Солеҳ: Тафсири мода! Бале, онҳо мехостанд нависандагону шоирон дар осорашон атеизмро тафсир кунанд.Мавлоно мегўяд: «Ҳиҷоб гуфтани дарвеш сифот аст», камунистҳо ин сифатро атеизм талқи мекарданд онҳо ҳатто Шоҳномаро ҳам дар зоҳир таблиғ мекарданд. Аммо бо тарҳи умқу моҳият ва ангезаҳои воқеии қаҳрамонон ва … мухолиф буданд.
Ҳунару адаб: Мухтасаре аз забон ва хатти форсӣ-тоҷикӣ ва он чӣ бар он гузашта бигўед?
М.Солеҳ: Хатту забони мо то соли 1929 форсӣ буд. Аз соли 1029 то 1939 бо алифбои лотинӣ ҷойгузини он шуд. Аз соли 1939 ба баъд ҳам ҳуруфи крилиро роиҷ карданд ва ба ин тартиб иртиботи фарҳангиву иҷтимоии мо ба таърих ва гузаштаамон қатъ шуд. Баъдҳам сиёсат эҷоди бадбинӣ нисбат ба Эронро пайгирифтанд ва фарҳагу адабамон воруна шуд.
Ҳунару адаб: Престройка (бозсозӣ)дар Тоҷикистон рўи адабиёт чи намуде дошт?
М.Солеҳ: Ҳадди ақал таъсир ин буд, ки забони форсӣ ба унвонӣ забони расмии мо интихоб шуд. Ба назарам ман прастройка дар натиҷаи огоҳии мардум ва исёни рўшанфикрон оғоз шуд.
Ҳунару адаб: Ба назари Шумо чӣ маъние дар роҳи густариши хат ва забони форсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё