Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ман қиссаҳоямро на барои рўшанфикрон, балки барои мардум менависам.
Ҳунару адаб: Адабиёти имрўзаи Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
М.Солеҳ: Солҳои 1970 ба баъд адабиёти мо дучори таҳавул шуд ва аз чорчубҳои танги худ пофаротар ниҳод. Қаблан нависандагони мо таҳти таъсири адабиёти Русия буданд. Баъд ҷунбишҳои адабӣ шакл гирифт. Баҳманёр нависандаи бузурги тоҷик форми қарордоди истиъморро дар ҳам шикаст ва ба мардум наздик шуд. Ў адабиётро сода кард ва тавонист ҳарфашро ба ҳама бифаҳмонад қассаи «Аспи обӣ»-и ў аз намунаи қиссаҳои адабиёти муосир аст.
Дар зинаи шеърҳам Фарзона ва устод Лоиқ Шералӣ таҳти таъсири шеъри имрўзи Эрон қарор гирифтанд. Садриддин Айнӣ аз нависандагони маъруфи дигари Тоҷикистон буд. Ў ба назари ман сиёсати истеъмориро тарвиҷ мекаард. Зеро ҳар чиро аз гузашта барои мо монда буд, нафй мекард ва ғайри мақбул нишон медод. Нафйи гузашта дар вазъе, ки одам чизи ҷадиде беҳтар аз он надорад барои мо фоидае надошт. Лоҳути дар соли 1922 девони худро чоп кард. Осори ў баъди пайвастан ба ҳизби камунист шуданаш ҳаррўз заифтар шуд.
Пайрав Сулаймонӣ нависандаи дигаре аст, ки дар заминаи мудернизм ва тақлид аз Маяковскӣ осори худро ба вуҷуд овард. Ў ҳам солҳо таҳти таъқиб буд. Ва дар солҳои 1930 ба иллати беморӣ даргузашт.
Сотим Улуғзода аз нависандагони давраи аввали адабиёти мо буд. Ў баъд аз дидани авзои сахти сиёсӣ, осори қайтарӣ ироа дод.

пешина
аз 341
навбатӣ