Сояҳои шикаста

Ҳидоят дар китоби «Ҳоҷи оқо» менависад: «Аз миллате, ки ғизои лазизаш ҷигар аст чӣ умед?» Мо ҳам то имрўз ҷагари фарзандонамонро хўрдем. Моро дар чоҳи зиндагӣ андохтанд, то чун кирмҳо миёни худ билулем, забони моро хўрданд то имрўз бидуни пуштувона бимонем.
Ҳунару адаб: Аз нависандагони муосири Эрон чӣ китобҳоеро хондаед?
М.Солеҳ: «Тарсу ларз»-и Соидиро хондаам ва тарсидам «Калид»-ро хондам ва фаҳмидам забони мо аз назари гўиш бо забони форсӣ дар Эрон тафавут надорад. «Санги сабур»-и Чўбакро ҳам хондам ва …
Ҳунару адаб: Ингуна китобҳо чигуна ба дасти Шумо мерасиданд?
М.Солеҳ: Мо ин китобҳоро аз роҳи Афғонистон таҳия мекардем ва онҳо барои мо меоварданд.
Ман дар китоби «Сарви кишмар» навиштам, ки як миллат табдил ба сад миллат шуд. Миллатҳои Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ҳама як миллат буданд.
Агар Чингиз решаҳои моро намебурид, имрўз ин ҳама мусибат надоштем ва яъс дар вуҷудамон лона намекард.
Ҳунару адаб: Дар навиштаҳоятон маъмулан аз чӣ сабку услубе истифода мекунед?
М.Солеҳ: Ман мавқеи навиштан дар паи сабку услуб нестам, муҳим алқои даруниётам аст. На шакли он, вақте дар баробари андешаҳоям қарор мегирам ба ин фикр намекунам, ки бояд читур бинависам. Қалам маро мебарад. Ман ниёзи насли худамро мегўям. Ҳамон насле, ки инқилоб кард. Хонандаҳои қиссаи ман мардуми оддианд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё