Сояҳои шикаста

Ба ҳамин далел шахсиятҳои қиссаҳо ва романҳои мо рафта-рафта ба тип бадал шуданд.
Ҳунару адаб: Ба чӣ сурат адабиётро дар донишгову донишкадаҳо омўзиш медоданд?
М.Солеҳ: Дар ҳукумати комунистӣ адабиётро ҳамон тавр дарс медоданд, ки худашон мехостанд.
Ман баъд аз хатми донишгоҳ ва дар натиҷаи мутолиоти шахсии худ, тоза фаҳмидам, адабиёт яъне чӣ?
Мехоҳам бигўям дарси донишгоҳ ҳеч таъсире рўи шинохти мо аз адабиёт надошт.
Ҳунару адаб: Оё Шумо таҳти таъсири нависандае қарор доштаед?
М.Солеҳ: Содиқ Ҳидоят. Барои ман, Содиқ Ҳидоят шахсияти печидае буд, ки намедонист чӣ мехоҳад. Қиссаҳои ў мамлу аз шахсиятҳое буданд, ки бо вазъияти рўҳии ман ҳамхонӣ надоштанд. Қиссаҳои «Зинда ба гўр», «Буфи кўр» ва «Ҳоҷи Оқо» ҳамеша дар зеҳнам ҷой доранд.
Ҳунару адаб: Аммо дар осори Ҳидоят навъи яъсу бадбинӣ мавҷ мезанад, чаро Шумо аз ин нависанда таъсир гирифтаед?
Чун мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки дар он инсон аз байн меравад. Таърих мемирад. Забон мемирад. Чаро маъюс набошем? Ҳидоят ошнотарин нависандае буд, ки аз дардҳои мо мегуфт. Ман баъд аз Дастаевскӣ, Ҳидоят ва Кафкаро дўст дорам.
Ҳидоят исён мекунад, аммо Кафка на. Ман китобе аз Дуктур Шариатмадорӣ дар нақди осори Ҳидоят хондам. Ў исбот мекунад дар таъриху фарҳанг, ду нафар ба бунбасти рўҳи дар зиндагӣ расидаанд, яке Ҳидоят ва дигаре Умари Хайём.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё