Сояҳои шикаста

Ҳунару адаб: Оғои М. Солеҳ чаро нашри осори Шумо дар замони ҳукумати комунистӣ мамнуъ буд?
М.Солеҳ: Онҳо муҳтаво ва сохти қиссаҳои маро зидди усули роиҷ медонистанд. Онҳо навъи ниҳилизм Ничаиро дар осори ман медиданд ва маро муттаҳам ба бурживо будан мекарданд. Дар воқеъ маро нависандаи тафаккуроти буржуазӣ медонистанд. Онҳо ба ин васила қасди муттаҳам кардани ман ва дур карданам аз мардумро доштанд.
Ҳунару адаб: Муҳтавои қиссаҳои Шумо чӣ буд?
М.Солеҳ: Қиссаҳои ман дар бораи инсонҳое аст, ки исён мекунанд ва ба бунбаст мерасанд.
Одамҳое, ки бо тамаъуқ дар таърих ба умқи он мерасанд ва дардҳои худро меёбанд қаҳрамонҳои ман воқеиятро дар даруни худ мебинанд. Ман исёни худ, алайҳи ҳукумати комунистиро ба «ниҳилизми бардаҳо» ташбеҳ мекунам. Адабиёти камунистӣ мехост одами исёнро фаромўш кунад ва идеалогиаеро ҷойгузини он кунад. Ин таърихи 70 солаи адабиёти кишварҳои шуравӣ буд. Аммо ман наметавонистам ба ин ақида гардан ниҳам пас дар қолаби шахсиятҳои достонам исён кардам.
Ҳунару адаб: Услуби шахсиятпардозӣ дар қиссаҳо ва романҳои камунистӣ ба чӣ шакл буд?
М.Солеҳ: Мафҳуми шахсият дар қиссаҳо ва романҳои мо аз байн рафта буд. Онҳо шахсияти тағйирдиҳанда намехостанд. Барои онҳо гурўҳҳо бар асоси шуғлашон тақсимбандӣ шуда буданд. Онҳо бояд зиндагиро фаромўш мекарданд ва бо муваффақияти шуғлашон зиндагӣ мекарданд. Нависанда бояд камунистҳоро одамҳои бовиҷдон, ватанпараст ва … қаламдод мекард. Дар воқеъ дар адабиёти мо инсон бояд дард надошта бошад, ғам надошта бошад, ҳукумати собиқ, мухолифи ин чизҳо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё