Сояҳои шикаста

Ба мисли Нигина, Нигинае, ки парвози андешаи рангинаш дар уфуқҳои панҷараи бандагӣ мешиканад…
– Шумо баъзан дар саҳна хандаовар менамоед. – Ҳайраташро нигоҳ дошта натавониста, боре пурсида буд он ҷавонзан…
Хайрӣ наметавонист ба ин соддагии беғашу булўрини ҷавонзан писханд, занад. Ба ин соддагие, ки танҳо аз он тифлони маъсум бархурдоранд. Соддагие, ки кас аз он орзу мекунаду ҳасад мебарад…
Ў боз беихтиёр лабханд намуд. Чизе ба хотираш расид: «Ҳо, офариниши образи Модар, Модаре, ки ҳашт фарзанд дорад. Ин образи Модар хоҳад буд…
На Антигона, на Адолат, на Ҳанифа, на Ҳертурда на… Ҳо, ин образи Модар хоҳад буд…».
Муҳаммадзамон Бобоев
1 январи соли 1978 (Маориф ва Маданият)
Мусоҳибаҳо
Муҳаммадзамони Солеҳ яке аз маъдуд нависандагони Тоҷикистон аст, ки китобҳояшро ба хатти форсӣ менависад. Ў мутаваллиди соли 1951 фориғуттаҳсил риштаи забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аст. Забони форсиро назди падару модараш ба таври ғайри расмӣ омўхт. Нахустин асраш дар соли 1985 ба унвони «Сарви Кишмар» баъд аз ҷаласаҳои муқаррари масъулони вақт дар мавриди ин китоб ва ба манзури санҷиши афкори мардум чоп шуд. Китоб ба ногоҳии ба «Таърихи табарӣ» дар даҳ қиссаи маҷозо навишта шудааст. Фурўши сареъи китоб, монеъи чопҳои баъдии он шуд.
Китобҳои М.Солеҳ, то соли 1990 иҷозаи нашр наёфтанд ва дар мамйизи ҳар як ба далоили бойгонӣ шуданд. Дар соли 1990 бо фурўпошии иттиҳоди шўравӣ ва истиқлоли ҷумҳуриҳо. Садои бозу озод дар адабиёт падид омад ва маҷмўаи дигаре аз қиссаҳои Муҳаммадзамони Солеҳ бо номи «Оҳанги шаҳри ишқ»
шомили маҷмўи қиссаҳо, чоп шуд. Ин китоб қарор буд дар Эрон бо номи «Сояҳои шикаста» чоп шавад.
Муҳаммадзамони Солеҳ ҳамчун ағлаби нависандагони исёнгар, рўҳияи яъсомез дорад. Гуфтугўи зайл ва достоне аз вайро, ки мутолеа мекунед ба ҳиммати Ҳумо Кулҳар хабарнигори «Кайҳони ҳавоӣ» дар Тоҷикистон таҳия шудааст, ки сирфан ба ангезаи ошноии хонандагони ҳунару адаб «Кайҳони ҳавоӣ» бо назарҳои рўшанфикрон ва нависандагони Тоҷикистон дарҷ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё