Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гумонаш, Хайрӣ Назарова ягон мансабдори калоне асту мардум барои ҳалли мушкилоташон назди ў меоянд. Ҳо, танҳо номи ўро бисьёр шунида буд. Хайрӣ Назарова сурати ҳолро фаҳмид, вале ҷуръати ханда задан ба соддалавҳии занак накард.
– Ман, модари ҳашт фарзандам. Як хонача дорем, қариб фурў равад. Ҷое намонд, ки шикоят накарда бошем. Иллоҳи баракаёбед…
Хайрӣ Назарова, он вақтҳо депутати Совети Олии республика, давуғеҷ карда, ҳочатшонро баровард. Баъди ин кор онҳо ба ҳам дўсти қарин гаштанд. Тўли солҳои дарози ошноӣ ҷавонзанак чӣ будани театерро фаҳмид ва гоҳ-гоҳ барои тамошои ҳунарнамои Хайрӣ ба он ҷо меомадагӣ шуд. Баъзан онҳо аз он рўзҳо ёдовар шуда механданд. Ҳо ба тасаввуроти соддалаҳвонаи ин ҷавонзани бехабар механдиданд.
– Шумо дар саҳна хеле ҷавон менамоед. Хайриапа. Боварии кас намеояд, ки Шумо аз синну соли қаҳрамонатон калон бошед. – Ҳо ин ҷавонзани «театершинос» акнун мафҳумҳои «қаҳрамон». «образ»
«спектакл». «актёр» ва «режиссёр»-ро мефаҳмид.
Ҷулетта. Ҷамила… Хайрӣ ва онҳо ба сол калон аст. Тамошобин Ҷулеттаи ўро тўли ҳабдаҳ соли ивазшаванда ҳамчун духтари чордаҳсола қабул кард.
Ҷулеттаи чордаҳсола ва Хайрии чилсола! Ҷавонтарин ва калонтарин иҷрокунандаи роли Ҷулетта!
Ҷамила низ инчунин. Олами ифлосу муфоҷои сарват дар дили поку пурсафои як зани ҷавон намеғунҷад.
Ин фасоду разолат, беномусиву беорӣ, ўро дилгирифта аз зиндагӣ мекунанд. Ў мехоҳад мубориза барад…

пешина
аз 341
навбатӣ