Сояҳои шикаста

Магар эҳтироси онҳо дар ҳаёт, дар талоши зиндагӣ камтар аз эҳтироси Ҷулеттаву Корделия буд?! Не! Ҳамаи инсонҳо бо тарзи худ хушбахт шудан мехоҳанд. Тўли умри гарму сард панҷаи маргро кўтоҳ карданӣ мешаванд…
– Хайрӣ, муждагонӣ деҳ, – хаёлоти ҳаяҷонангези ўро садои шодибахши Тўтиапа пароканд. – Мукофот муборак шавад. Ҳозир аз радиои Москва эълон карданд. Укази Президиуми Совети Олии СССР.
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат…
Ў гунгу карахт ба устодаш Тўтӣ Ғаффорова менигарист. Лаҳзае нагузашта аз дигар купеҳо рафиқону ҳамкаспон ба сари ў бориданд. Ин эълонномаро ба ҷуз ў дигар ҳама шунида буданд. Вале ў ин дам танҳо модарашро – модари хунёгари зебояшро, айнан дар баробари худ медид. Ў наметавонист лаб во кунад. Наметавонист ин овозҳои сурурбахшро ҷудо кунад…
Соли 1965 буд. Баъди ба поён расидани спектакл ба ў гуфтанд, ки зани ношиносе мехоҳад бо ў вохўрад.
Зани лоғарандоми сияҳҷурдае, ки дар шабистони мўи сараш нури субҳони дамида буд, вориди пардозхонаи Хайрӣ шуд.
– Биёед, Шумо маро мехостед? – пурсид Хайрӣ Назарова аз ў.
– Ҳо, – ў ғиреви гиря зад, – Ҳамин қадар мардуми зиёд ба назди Шумо меоянд ва хурсанду розӣ баромада мераванд. Ман ҳам хостам мушкиламро назди Шумо биёрам.
Ин ҷавонзанак аз чӣ будани театер хабаре надошт ва намедонист, ки чаро мардум зиёде ба инҷо меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё