Сояҳои шикаста

Ҳо, вай хислате дошт, ки касро дар рўяш таъриф намекард.
Аз он чизе ки ҳоло Ефим Исаевич ба Хайрӣ гуфт нашунида буд. Гўё ин садоҳоро даруни хоби тўлоние мешунид ва ҳини аксбардорӣ бовар намекард, ки ин ҳама дар олами воқеӣ роҳ додааст. Ин лаҳзаҳо намехост ба олами воқеӣ хў гирад ва барояш ин бедорӣ гарон меафтид. Аз ин бедорӣ азоб мекашид.
Паси тирезаи купее ашки шодӣ ба рухсораҳои оташгирифтааш мерехт. О, ин лаҳза мехост ҳар чӣ тезтар ба диёри азизаш расад ва шодиашро, хушбахтиашро ба дўстонаш баробар бинад. Чаро поезд инқадар кунд меравад?! Хайрӣ бо суръати хаёл парвоз кардан мехоҳад.
Ин дам наметавонист ёд кунад, ки ин муваффақияти ў, туфайли кўшишу дастгирии беғаразонаи Е.И.
Мителман, Ҳ.Раҳматуллоев, М.Қосимова. Г.бақоева ва Т.Ғафурова ба даст омада аст. Ҳо, ў танҳо парвоз кардан мехосту халос. Замоне, ки аз тасарруфи андешаҳои ҳаяҷоновар раҳо шавад, он гоҳ ў худро назди онҳо қарздор хоҳад дид. Тамоми умр сипосгузор хоҳад буд. Вале ин дам парвоз кардан мехоҳад.
Ў, ҳатто наметавонад аз Ширину Савсан ёдовар шавад.Ширин! Ширине, ки аз кўдакияш василаи таронаҳои дилангези модараш ба вай меҳр баста буду имрўз худаш Ширин шуда буд. Ў Ширини афсонавӣ буд. Ширине, ки дар саҳна Хайрӣ аст. Шириние, ки мизони ишқу вафои мост!
Савсан чӣ? Магар мешавад, онеро, ки туро бар зидди сарнавишти нобаҳангом шўридан омўхт, фаромўш кард? Магар инҳо зинаҳои расидан то ба балкон набуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё