Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳо, ў баъд онҳоро шинохт. Вале ин дам, он рўз низ дар гўшаи хотираш набуд.
Ин носипосӣ набуд. Ин беэътиноиву аз худравӣ набуд, балки як лаҳзаи гуворову кайфиятбахши ҳаяҷон буд. Ў ин дам саропо аз ҳаяҷону изтироб аз фараҳу шодӣ, аз ҳама нишотҳое, ки алъон наметавонист тасаввурашон кунад, маст буд.
Ҳо, ў аз шодкомиҳо, аз лабханди банохостии сарнавишти нобаҳангом бехуд шуда буд… Ҳаяҷоне, ки Ефим Исаевич ҳамеша хостори он буд. Ҳаяҷоне, ки духтурро пеш аз ҷарроҳӣ фаро мегирад.
Ҳамон ҳаяҷоне, ки бо Қумрии музҳик дар саҳна мезист. Он чуноне ки ба меҳри Лири пир, он падари пири фиребхўрдааш…
Баъди пўшида шудани парда Хайрӣ гарангу парешон аз саҳна берун омад. Ў наметавонист ба худ ояд. Ин дар ихтиёри ў набуд. Аз бархўриш ба ҳақиқат ҳолӣ метарсид. Метарсид, ки мабодо ўро аз олами рўъёҳои гуворову ширин бедор кунад. Дар пиндораш Лир падари ҳақиқияш буд, ки сарнавишт, мўъҷизаи рўёи вайро барояш бозгардондааст ва ў ин бозёфти абадгумгаштаро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад дубора аз худ раҳо кунад. Корделияи саршори меҳри падар дар саҳна буданашро аз ёд мебурд. Ў дар муҳаббати падараш, муҳаббати Лири рондашудаву ҳақоратшунида мемурд. Мурдане, ки барояш зиндагии нав илқо мекард.
– Олиҷаноб, ғайричашмдошт, – овози аз ҳаяҷон канда-кандаи Ефим Исаевич ўро ба худ овард .– Тамошобинон он қадар каф заданд… Лир!!! – ў ба тарафи Муҳаммадҷон Қосимов рафта… Хайрӣ дигар аз ин устоди мушфиқу сахтгир илтифоте надид.

пешина
аз 341
навбатӣ