Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Мо фариштаи бегуноҳиро дидем. Дидем, ки аз қабати китобҳои муқаддас бурун омада, бароямон достони беолоиши ишқро сароид. Ишқе, ки худ Ҷулетта ҳаст. Ишқе, ки зебоист, ишқе, ки…
Хайрӣ бори аввал эҳсос кард, ки қудрати бардоштани чунин хушбахтиро надорад. Ашки ҳайрат гирди чашмони сиёҳу калонаш ҳалқа зада ба рўи бепардозу беғубори тозааш чакид.
– Ором шав, Хайрӣ, ором шав, худро даст гир! Ин рўзҳо… – Ефим Исаевич бори аввал буд, ки ўро дилбардорӣ мекард.
– Устод!
Охир ў ҳамагӣ як саҳначаи хурдеро аз «Ромео ва Ҷулетта» бо ҳамроҳии Алиназар Хоҷаев бозида буду бас.
Танҳо саҳнаи балконро. Лаҳзаи кўтоҳу пурэҳтироси ду дилбохтаро. Аввалин бархўриши эҳсосоти ду навҷавони бегуноҳу пок ва парвози ишқи фариштагонии инсони бадбахту нокомро…
– Ин имтиҳони ҷиддии ту буд назди устодони бузурги саҳна. Ором шав. Пагоҳ «Шоҳ Лир». «Дил-дили Зайнаб». Ҳаяҷону изтиробро захира кун, барои дигар рўзҳо … Бисёр хуб…
Ў ин дам наметавонист, ба ёд орад, ки маҳз Ойхон дари санъати театери академиро ба рўяш боз намудааст. Ойхон аз спектакли «Найрангҳои Майсара»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар таҳияи «режиссёр» ва роҳбари бадеии Театери вилоятии драмаи мусиқии шаҳи Қурғонтеппа – Абдулло Ҷўраев наход фаромўш шудааст? Ойхон буд, ки ўро Ефим Исаевич ва Мухаммадҷон Қосимов пайхас карданд ва ба Театери ба номи Лоҳтӣ даъват намуданд.

пешина
аз 341
навбатӣ