Сояҳои шикаста

Ў миёни ин ҳама саргардон мешавад худро ҷустуҷў мекунад.
Соли 1957 буд. Ҷавонзани бистусесолаи зебое назди тирезаи яке аз купеҳои поезди «Москва-Душанбе» нишаста бо ҳаяҷон ва шодии кайёфе ҷангалистонҳову деҳистонҳои дилрабои сарзамини фаррохи Россияро, ки бо суръат пас мемонданд, тамошо мекард. Ў наметавонист ҳаяҷони лабрезу нашъабахши худро паст нишонад. Ҳаяҷони нахустини нашъаи эҷодро… Ў ҳатто наметавонист як духтарчаи дувоздаҳсоларо, ки сарнавишти нобаҳангоми вайро ба олами «аҷибу рангин»-и санъат партофтаву кораш ҷуз тақлиди лапархониву рақсҳои зебои модараш нест ва дар олами дигар кореро ҳанўз намедонад, тасаввур кунад. Оё он духтарчаи дувоздаҳсолае, ки бори сарбонии оила бар дўшаш афтода буду танҳо андешаи хўрондану пўшондани хоҳару додарашро дошт, метавонист аз чунин рўзи ҳаяҷонбахш ёд кунаду орзў! Рўзеро, ки аз заҳмати зиндагияш рамуз мегирад, рўзеро, ки сарнавишташ ба куллӣ тағйир мешавад, рўзеро, ки одам дар дигарон худро мешиносад! Оё Хайрии дувоздаҳсола метавонист чунин як рўзи пурбадалу ҳаяҷоноварро тасаввур кунад?!
– Мо биступанҷ Ҷулеттаро дидем, вале ҳеҷ кадоми ба ин монанд, ҷавону зебо набуд. Ҷулеттаи ҳамсолу ҳамэҳсосро!– ба ваҷд омада буданд устодони саҳнаи Москва. Ҳо, дар чеҳраи онҳо ҳеҷ тамаллуқкориву риё набуд. Онҳо ҳайратзада гирди ўро гирифтанд ва ба якдигар навбат надода ҳаяҷону изтироби худро баён мекарданд. Дар гўшае Ёфим Исаевич Мителман бо чеҳраи пурфараҳу қаноатманд сўи онҳо менигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё